Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Автобусҳои резинии Душанбе

Ҳар субҳ ҳангоми донишгоҳравӣ маро ғам фаро мегирад, албатта, на ин ки ба дарсҳо омода нестам ё ба донишгоҳ рафтан намехоҳам, балки ғами автобуси  рақами №8 маро мушавваш месозад. Ин мушкил на танҳо ман, балки садҳо донишҷӯёни бечораро низ ба изтироб овардааст.

Пӯшида нест, ки шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст. Ворид шудани автобусҳои нав ва  бо  корти нақлиётӣ пардохтани ҳаққи роҳкиро ташаббусҳои наҷибе ҳастанд, ки сокинон аз он гарм истиқбол гирифтанд. Вале мушкили асосии нақлиёти Душанбе аз миқдори муқарраршуда зиёд савор кардани мусофирон аст, ки ҳамоно боқӣ мемонад. 

Ин субҳ ҳам мисли ҳамеша ба автобус савор шудан замон ронанда “Кортатро зану ба дари ақиб рав”,- гӯён луқма партофт, зеро дар дохили автобус ба ҷойи пой мондан набуд.

Мусофирон мағал мебардоштанд, зеро яке аз дарсу дигаре аз кор дер мемонд. Аммо ронанда ҳамоно савор мекарду ба даъвои мусофирон кор таваҷҷуҳ намекард. 

Яке аз мусофирон баланд-баланд мегуфт: “О бародар, ин автобус резинӣ нест — ку, моро куштан мехоҳӣ”. Дигаре: “О шумо сер мешен, нафси шумо кай қонеъ мешавад?”, – гӯён нидо мекард.

Чунин мушкил дар шаҳри Душанбе на як солу ду сол аст, ки идома меёбад. Як муддат мақомот фаъолияти нақлиётро зери назорат гирифта, аз ҳад зиёд савор кардани мусофиронро танзим мекарданд, аммо ҳоло “ҳар касу дави аспаш”. Ронанда чӣ қадаре мусофир савор кунад, ихтиёраш.

Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки ақаллан субҳу шом, ба қавле дар соатҳои пик дар хиёбонҳои пойтхт нақлиёт бештар ба сафар барояд ва мақомот теъдоди савор кардани мусофиронро низ танзим кунад. Оё муқаррароте ҳаст, ки др як автобус бояд чанд нафар савор шавад?

Агар ҳамин мушкил ҳал шавад, сокинон ҳам ба кору дарс дер намекунанд ва ҳам аз субҳ асабӣ намешаванд.

Уғулой Қутбиддинзода,

донишҷӯ

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Амони МУҲАММАД 10.11.2019 13:25

    Апаи Ӯғулой, ин мушкили ҳамон вақте ҳали худро меёбад, ки думи шутур ба замин расад. Боварӣ доем, ки он рӯз дур нест.

Ваш e-mail не будет опубликован.