• Бахтовар Сафаров
  • 28.08.2019
  • 0

Ҳавзҳои шиноварӣ: Чаро дар Хатлон масъулин майли сохтан надоранд?

Кам будани  ҳавзҳои шиноварӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо дар вилояти Хатлон яке аз сабабҳои ҳамасола ғарқ шудани даҳҳо ҷавон дар кӯлу дарёҳо мегардад.

Ҳавз набошад, куҷо равем?

Ба иттилои Муродҷон Муҳиддинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон давоми соли ҷорӣ дар кӯлу дарёҳои вилояти Хатлон 23 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд, ки аз ин 12 нафарашро  ноболиғон  ташкил медиҳанд. 

Ҳамсуҳбати мо омили асосии ғарқшавии сокинонро дар кам будани ҳавзҳои шиноварӣ, шиновар набудани наврасону ҷавонон ва  оббозӣ дар ҷойҳои хавфнок арзёбӣ кард.

“Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба хотири огоҳии бештари сокинон дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор карданд. Аммо ин дар пешгирии ғарқшавии сокинон ба ҳадди ниҳоӣ мусоид нест. Зеро то ҳанӯз шумораи ҳавзҳои шиноварӣ  кам буда, эҳтиёҷоти сокинонро қонеъ карда наметавонад” – изҳор дошт ӯ.

Юнус, сокини ноҳияи Қубодиён мегӯяд:

-Дар тобистон ноҳияи мо гарм аст ва баъди корҳои хоҷагӣ ҳамроҳи рафиқонам барои оббозӣ ба канал ва гоҳо аз ноилоҷӣ ба наҳрҳое меравем, ки воқеан оббозӣ хатарнок аст. Аммо ҷои мувофиқи дигаре барои оббозӣ надорем ва маҷбурем ба каналу дарёҳо барои оббозӣ равем. Чанд маротиба ҳамроҳони мо ҳангоми оббозӣ ба мушкилӣ дучор шуданд, зеро шиновариро хуб наметавонистанд. Хушбахтона, мо тавонистем онҳоро аз об берун кунем. Агар барои оббозӣ ба дарё равем, кӯшиш мекунем барои эҳтиёт бо худ арғамчин барем, то Худо накарда ягон нафаре, ки ба мушкили дучор шуд, тавонем наҷоташ диҳем.

Ҳавзҳои шиноварӣ таъмир мехоҳанд

Дар вилояти Хатлон 32 ҳавзи шиноварӣ буда, аксари онҳо дар ҳолати нохуб қарор доранд. Аз ҷамъи умумии ҳавзҳои шиноварие, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон вуҷуд доранд, ҳамагӣ 5 ададаш фаъолият мекунанд. Боқимонда 19 ҳавзи шиноварии дигар дар ҳолати ногувор буда, ба таъмир ниёз доранд.

Мувофиқи маълумоти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш то соли 2021 сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳри Бохтар 12 ва дар ноҳияи Ёвон 1 адад ба нақша гирифта шудааст. Дар боқимонда 13 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон масъулин то ҳол барои бунёди ҳавзҳои шиноварӣ иқдоме нагирифтаанд.

Посухи  нӯги забонии раисон

 Масъулини мақомоти маҳал дар ин самт таваҷҷуҳи кам доранд. Ин ҳолат зимни нишастҳои матбуотӣ дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон маълум шуд. Раисони аксар шаҳру ноҳияҳо ба ин суол ки оё дар се соли оянда сохтмони ҳавзҳои шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст ё не? Қариб, ки посухҳои якранг гуфтанд “дар нақша нест, оянда ба нақша гирифта мешавад”. Ин гуфтаҳои бо нӯги забони онҳо то куҷо амалӣ мешавад, вақт муайян хоҳад кард.

Ба иттилои масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Хуросон, Дӯстӣ ва Носири Хусрав ҳавзи шиноварӣ вуҷуд надорад ва сохтмонашон ба нақша ҳам гирифта нашудааст. Суоли матраҳ ин аст, ки аз ғарқшавии сокинони ин ноҳияҳо масъулинро ба андеша водор намекарда бошад?

Ба гуфти масъулини Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҳисоби буҷети мақомотҳои маҳаллӣ ҷудо кардани маблағ барои сохтмони ҳавзи шиноварӣ имконпазир нест. Танҳо бо ҷалби бахши хусусӣ метавон ҳавзҳои махсус барои оббозии сокинон бунёд кард. Аммо соҳибкорон барои сохтмони ҳавзҳои махсуси шиноварӣ чандон дилгарм нестанд. Ба гуфти иддае аз онҳо фаъолияти ҳавзҳои шиноравӣ мавсимӣ буда, ба ҳадде манфиатовар нест. Онҳо мегӯянд, ки  ба ҷойи ҳавз майдончаи варзишӣ, маркази савдо ва ба ин монанд иншоот бунёд кунем, манфиати бештар дорад.

Ба қавле дар кишвар ба хотири истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, инқилоби корҳои сохтмонӣ идома дорад. Аммо ба хотири таъмини эҳтиёҷоти мардум ва муҳимтар аз ҳама пешгирӣ аз ғарқшавии онҳо чаро ба бунёди ҳавзҳои шиноварӣ таваҷҷуҳи даркорӣ дода намешавад? Кай мушкили набудан ва ё таъмир талаб будани ҳавзҳои шиноварӣ бартараф мешавад? Суолест, ки посух мехоҳад.

Машраби Аловиддин,

махсус барои “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner