• Эмом НАЗАРОВ
  • 13.01.2017
  • 0

Аз 478 шахси масъул ҷарима ситонида шуд

— Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 709 назорати техникӣ гузарондааст, — ба гузоришаш дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ҳадамоти мазкур оғоз намуд сардори ин ниҳоди ҳукуматӣ Раҳим С. А. – Ба ҳамаи корхонаю ташкилоте, ки дар онҳо қоидашиканиҳо ошкор гардидаанд, 806 нишондод пешниҳод ва барои бартараф намуданашон муҳлатҳо муайян карда шуданд.
Раҳим С. А. афзуд, ки «барои ба талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгӯ набудани фаъолият, наандешидани чораҳои лозимӣ доир ба пешгирӣ ва рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 101 нафар роҳбари корхонаҳо нишондод оид ба қатъ кардани фаъолият пешкаш гардид».
Ба гуфти Раҳим С. А. аз ҷониби кормандони хадамоти мазкур 478 шахси масъули корхонаҳои ба қайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 464535 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инҳо ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Пакрут», ФҶСП ширкати муҳандисии «Умрон Морун», ҶСК «Обшорон», ҶДММ «Хишти Хуҷанд», ҶДММ «Созандаи Суғд», ФҶСП «Туннел садди Ориёно» ва ҶДММ «Гушикай ЛТД» мебошанд.
Нозироти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 33 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолиро дар соли гузашта ба қайд гирифта, нисбат ба онҳо тафтишоти техникии махсусро ба анҷом расониданд.
Э. НАЗАРОВ

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner