• Mardon
  • 25.06.2019
  • 0

Азнавбақайдгирӣ дар ММТ тамдид шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ то 30  июни соли равон  тамдид  гардид.

 Ба  таваҷҷуҳи  довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1 март то 30 апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, расонида мешавад, ки муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ то 30 июн тамдид карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ дар 2 нуқтаи бақайдгирии шаҳри Душанбе, ки дар заминаи муассисҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва  №100-и ноҳияи Шоҳмансур ташкил карда шудаанд, сурат мегирад.

Довталаби хоҳишманд метавонад барои аз нав сабти ном кардан ҷиҳати иваз намудани интихобҳои аввалаи худ ба яке аз ин нуқтаҳо муроҷиат намояд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner