• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 18.10.2017
  • 17

Ба Рустами Эмомалӣ гап доред? Марҳамат!

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади робитаи мустақим бо сокинони пойтахт ва шунидани дарди дили аҳолӣ як почтаи электронии алоҳида кушода, ҳамчунин имкони ба ӯ фиристодани аксу навори камбудиҳо ва қонуншиканиҳо тавассути Viber ва WhatsАpp-ро низ фароҳам сохтааст.

Суроғаи эмейли Рустами ЭмомалӣDushanbe80@yahoo.com

Шумораи Viber ва WhatsApp: +992985952222

Раёсати иттилооти ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, ки шаҳрдории пойтахт «бо мақсади расидан ба ҳадафҳои созанда, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии пойтахт» хатҳои махсусеро барои бевосита ба раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ расондани шикоятҳои мардум боз кардааст.

Минбаъд сокинони пойтахт метавонанд дар бораи тамоми камбудиву нуқсонҳое, ки вуҷуд доранд ваё бевосита шоҳид шудаанд, тавассути телефони мобилӣ ё таҷҳизоти дигар аксу навор гирифта, барои сари вақт бартараф кардани онҳо мустақиман ба суроғаи почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе бо нишонии Dushanbe80@yahoo.com ирсол намоянд. Аз сокинон хостаанд, ки ҳамроҳ бо аксу навор маҳалли қонуншиканӣ ё камбудиро бо ҷузъиёташ низ илова кунанд.

Ҳамин тавр, сокинони Душанбе акнун имкон доранд, ки тавассути мессенҷерҳои Viber ва WhatsАpp ҳам шикоятҳои худро бо аксу наворҳо ба самъи шаҳрдори Душанбе бирасонанд. Шаҳрдорӣ ба ин манзур дар ин ду шабака бо шумораи +992985952222 хатти махсус кушодааст.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • НОЗА:

    АХСАН БА РАИСИ ШАХР, КИ БА ДАРДУ ДИЛИ ШАХРВАНДОНАШ ГУШ МЕДИХАД !!!

  • Бехруз Наботов:

    Бехтарин раис!

  • Бесадои Нихони:

    Кори бехтарин

  • Азимова Мавчуда:

    Танхо шахсе,ки дили бузург дорад метавонад дарди дили халкро бишунавад.Шумо Анушервони одили асри 21 хастед

  • Рамзия Иматова:

    Беҳтарин раиси шаҳр, мо шодем ки шаҳри азизи мо инқадар зебову дилоро шудааст, тамоми кучаҳо бо майдончаҳои кудакона гулҳои хушбуй оро дода шудааст, аммо Рустам ба шумо муроҷиате драм, ки илтимос аз паси ин кор шавед. Як ҳафта пеш апаи ман аз кор бармегашт ва ногаҳон дузде ба сараш сахт зарба зада уро ғорат кард. Тайи чанд рӯз аст, ки ҳамин дузд боз ба чанд зани дигар ҳам ҳамла карда, онҳоро ғорат карда лату куб мекунад. Ин дузд фақат ба занҳо ҳамла мекунад, илтимос мекунам ягон чораашро бинед. Шаҳрамон Худо ба шукр ободу зебо гардидааст, аммо ба куча баромадан хатарнок шудааст. Ба Шумо тамоми бурдбодиҳои зиндагиро таманно дорам. Шукронаи давлати худамонро мекунам.

  • Толиб:

    Асаломуалкум мухтарам раиси Шахри Душанбе рустами Эмомали аз шумо эхтиромона хохиш менамоем аризаи холов толибчон холназаровичро дида бароед

  • Anonymous:

    Чаноби олли бехтарин шахс хастанд гамхори хаки худ хастанд ва бехтарин фарзанд тарбия карданд ки рустами эмомали хаст ояндаи точикистонро ва халки точикро хор шудан намемонанд ман минаддорам ки чунин ватани ободу ва чунини чаноби олли дорам ва минадории хешро баён мекунам ба чаноби олли

  • Anonymous:

    Худованд нигохбонашон бошад

  • Anonymous:

    Мо чавонон бо шумо ифтихор мекунем

  • Anonymous:

    Салом,хостам фахмам,ки чаро дар РУССИЯ дар идхои халки ва динниашон дар магозаю бозорхо нархи озукавории рузгор то 50 — 70 фоиз мефарояду,дар ТОЧИКИСТОНИ мо,ки алхамдуллох мусулмонем баракс бвланд мешавад…..? Хамин масъалаи мухими хаети халкро ,хал кардан мумкин? МУХТАРАМ РАИСИ ШАХР!!!

  • Sarvinoz:

    Ба ин сахифа хеч бовари надорам ки дарди мо ба Мири Шахрамон бирасад(мутаасифона

  • Карими:

    Точикистон ба пеш!!!

  • Anonymous:

    Беҳтарин иқдом дар ин моҳи шарифи Рамазон! Офарин, аҳсан мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Шумо барори кор.

  • Салому Алекум:

    Салому Алекум

  • Anonymous:

    Беҳтарин иқдом! Раҳмат ба Шумо мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ!

  • Дилшод:

    Чанд маротиба ба Viber ва WhatsApp: +992985952222 навишта будам, чавоб набуд((((

  • Нажметдинова Лилия:

    Много уважаемый Рустам дай Аллах Вам терпения и семейного благополучия от всей души поздравляю

Назари худро нависед

Leave a Reply to НОЗА Отменить ответ

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner