• Бахтовар Сафаров
  • 06.09.2019
  • 0

Бадахшон камбағал дораду гадо не!

Гузаштагони мо умри бобаракати худро бо нимсерию нодорӣ гузаронидаанд. Ҷомеаи башарӣ ҳар қадар рушд ёбад ҳам, лекин  як қишри камбағал, бенаво   дар  он   боқӣ  мемонад. Инсонҳо  баъзан бо гуноҳи худашон ба ин рӯзи сиёҳ гирифтор мешаванду  баъзан зарбаҳои  мушти зиндагӣ онҳоро ба чунин ҳол мерасонад. Чун  рӯи чаҳорроҳаи тақдир уфтоду пай  бурд, ки оҳангҳои гиряву нолаашро бидуни худаш нафари дигаре намешунаваду  шоми  рӯзгораш  пайваста тиратар мегардад, иҷборан бо  нигоҳҳои имдод талабона, дидаҳои пури сиришк  дасти  ларзонашро тарафи  роҳгузарон дароз   карда мегӯяд:

-Барои Худо,  садақа  диҳед, тифлонам  гуруснаанд. Худам ду рӯз  боз чизе нахӯрдаам.

Барои   гадоён бори нахуст ба забон овардани ин суханон  албатта   сахт гарон аст. Дил  садпора мешавад,аммо илоҷи дигаре надоранд,зеро ягона роҳи ҳастиашон ҳамин амал  мемонад.

Ин рӯзҳо  бар сари   ҳар як инсон меоянд, аз бозии тақдир нафаре  ҷои гурез надорад. Таърих шоҳид ҳаст, ки чӣқадар шоҳҳо  гадо шудаанду  гадоҳо дар тахти шаҳаншоҳӣ  биншастанд. Аммо  аз  чӣ бошад, ки гадоӣ дар Помир набуд. Ҳоло ҳам на дар Дарвоз ҳасту на Мурғобу на Шуғнону  на  дар саросари Помир. Ин дар ҳолест, ки муҳити  табиии ин сарзамин хеле  гарон аст. Сарзамине, ки дар  47 дарсадиҳудуди ҷумҳурӣ доман паҳн кардааст,  ҳамагӣ 10743 гектар замини корам дорад ва   ағлаби он ҳам санглох аст.Аз замини санлох гирифтани ҳосил, албатта,ба дандон рахна дар фӯлод кардан аст.Бар замми ин, зимистонаш тӯлонӣ асту  рӯзҳои   қадре гармтараш  танҳо  3-4 моҳро фаро мегирад.   Саноати Бадахшонро танҳо чанд сех ташкил медиҳанду халос. Аз ин лиҳоз, сатҳи зиндагонии  мардум  ҳанӯз  на дар  сатҳе қарор дорад, ки бояд бошад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар Бадахшон на дар давраи шӯравию на даврони Истиқлолият даст тарафи роҳгузарон дароз кардани нафареро касе дар хотир надорад.

Чаро  чунин аст? Бо ин суол бо чанд тане аз  сокинони маҳаллию   зодагони мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ, ки дар Бадахшон  фаъолият доранд, муроҷиат кардам.

Шамсиддин, корманди неруҳои қудратӣ,зодаи ноҳияи Варзоб:

-Ғурури кӯҳистонӣ.

Абдусаттор, корманди неруҳои қудратӣ-ноҳияи Восеъ:

-Мардум аз меҳнаташон рӯзии хешу фарзандонашонро  пайдо мекунанд. Бекор намеистанд, меҷунбанд.

Панҷшанбе, котиби масъули  рӯзномаи “Паёми Рӯшон”:

— Мардуми  Помир бар онанд,ки гадоӣ  манбаи асосии зиндагонии инсон  нест.Аз қадимулайём   гузаштагонамон дар муҳите мезистанд, ки чаҳор тарафро кӯҳҳо  иҳота карда  буданд. Зимистон   куҷое рафта намешуд,яъне  аҷдодонамон  медонистанд,ки имдод барояшон аз ҷое намеояд.Аз ин лиҳоз,  то кадом миқдоре, ки  метавонистанд,маводи ғизоиро аз ғалла сар карда,то чормағзу ғизоҳои аз тут омодагардидаю зардолуи қоқу себи қоқу ғизоҳои  дигарро захира мекарданд. Ин амали хайр қарнҳо  боз идома  дорад.

Ҷонибек, рӯзноманигор:

-Талбандагӣ дар мардуми Бадахшон хос не ба нафаре  рух диҳад, пайвандонаш  худашон ба имдодаш мебиёянд.Гузаштагони мо умри бобаракати худро бо нимсерию нодорӣ гузаронидаанд. Эътиқоди боварии онҳо ба Офаридгор мустаҳкам буд. Аз ин лиҳоз онҳо ғизои зиёди рӯҳӣ доштанд, ки баракати он ба мо ҳам расид.

Раҳмонқул, собиқ раиси ҷамоати деҳоти  Сучони ноҳияи Шуғнон:

-Ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта,давраи гуруснагӣ, кадоме аз созмонҳои ҷаҳонӣ ба маркази вилоят имдоди ғизоиро  фиристонида буд. Якқисматашро аз Хоруғ ба  ҷамоати деҳоти мо ҳам оварданд.         Як ҳайатро ташкил додем,то рӯйхати камбизоатонро омода гардонанд.Рӯзи дигар ин ҳуҷҷатро  оварданд.Аз ҳар як хона якнафарӣ намояндаро ба маҷлис даъват карда,хулосаи ҳайатро   ба самъи онҳо расонидем,яъне кадом нафарҳуқуқи гирифтани имдодро доранд.Вақте  раиси ҳайат  хулосаашро хонд,чанд тан хеста,  аз ман чун раиси ҷамоати деҳот хоҳиш карданд,ки номи онҳоро аз рӯйхат барорам. Гуфтам, ки чунин ҳуқуқ надорам,ин хулосаи  ҳайат аст.Пагоҳ хадамотҳои дахлдор месанҷанду маро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ки  шумо  вазифаатонро суиистифода карда, алайҳи хулосаи ҳайат баромадед. Аз намояндагони ҳайат хоҳиш намудам, ки он нафароне, ки аз гирифтани имдод худдорӣ мекунанд, дар баробари номашон бо хатти худашон нависанду имзо гузоранд.

Мародмаҳмад,мӯйсафеди 80 — сола:

-Ин амал шояд яке аз   муқаддасоти мардуми  Помир бошад. Ҳамзамон  ин амалро маҳкум намекунам. Ба ниёзмандон додани садақа воҷиб аст.Охир инсон танҳо барои  таъмини рӯзгори худаш намезияд.Дасти сахоро  бояд тарафи муҳтоҷе  дароз кунад.  Умуман, ҳар як инсон чун пагоҳӣ аз хоб бархест,дид, ки дасту пойҳояш фаъоланд,чашмонаш мебинанд,дар вуҷудаш  маризиеро ҳис намекунад,фарзандонаш низ аз чизе шикоят надоранд, вай  бояд подоши  ҳамаи  ин некуиҳои Парвардигор  нисбат ба  худашу пайвандонаш  мояеро садақа кунад.

Мирзоҷалол, рӯзноманигор:

-Мардуми Помир таърихан  бо рӯзии дар ихтиёрашонбудақаноат мекарданд. Имрӯз низ  чунин аст.

Хонума, омӯзгор:

— Гадоро дар Помир надидам,аммо иддае аз соҳибкоронамон ҳангоми сафарҳои Пешвои  миллат ба Бадахшон  ба дархостҳои беҷо  даст мезананд.Соҳибкорон бояд  баръакс, ба Пешвои  миллат  ҳисобот диҳанд, ки дар ободонию бунёдкории вилоят, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум кадом корҳоро сомон додаанд.

Ба ниёзмандон додани садақа савоб аст,зеро ба қадре ҳам бошад, фазои тираи ҳастагиашонро рӯшанӣ мебахшад.Дар боби  муҳити  гарони   табиию безаминӣ  ва ҳанӯз камбудии саноати  Помир набудани гадо  бо нафарони зиёде суҳбат кардам,аммо ба андешаам  посухҳо  сирри ин муамморо накушодам,шояд хонандагон андешаҳояшонро баён намоянд.

Лутфишоҳи ДОДО,

махсус барои “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner