Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сармуҳаррири нашрияи Ҳизби ҳоким раис шуд (Видео)

Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” раиси Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд.

Интихоби Ҳамдамов зимни ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои ВАО, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе бургузор шуд, сурат гирифт.

Ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботии Шўрои ВАО-и Тоҷикистон субҳи имрӯз ба кори худ оғоз кард ва баъд аз зуҳр раиси нави он интихоб шуд.

Дар ин ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлмони кишвар, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагии бархе сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботии Шўрои ВАО-и Тоҷикистон вакилон аз 60 ташкилоти журналистӣ ва нашрияҳои кишвар иштирок доштанд, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро эътироф намудаанд.

Интихоби Бахтиёр Ҳамдамов дар ҳолест, ки тайи як соли охир фаъолияти шӯроро журналистон суст арзёбӣ мекарданд. Шаҳло Акобирова акнун раиси собиқи шӯро суст шудани фаъолияти ин ниҳодро дар набудани маблағ арзёбӣ мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи ноябри соли 2009 дар конфронси муассисони он таъсис дода шуда, моҳи январи соли 2010 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1254 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Раиси нахустини Шӯро Иброҳим Усмонов буд. Дар солҳои баъдӣ шӯроро Қироншоҳи Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршеди Атовулло ва Шаҳло Акобирова роҳбарӣ карданд. Вазифаи Шӯрои ВАО танзими меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО-и кишвар мебошад.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Одам 02.12.2019 01:59

    Ин расми кори рохбарон дар Точикистон мебошад!!!
    Сабаби асосияш, чавобгари надоштани рохбар дар пеши конун, халк, президент ва вичдону гурури миллиро бо пул иваз карданаст.
    Дар шахри Истиклол, раиси шахр соли 2017 коргохи истехсол, коркард ва фуруши шир ва махсулоти шириро аз байн бур, бар хилофи шартнома, конун ва дастурхои Пешвои Миллат, инак то ин дам, на чавобгарие, на чуброн, на подошти харочоти масрафшуда ба сохибкор, на чои кор ба коргарони коргох.
    Хатто мурочиати сохибкор ба дастгохи ичроияи президенту, прокуратураи генералию, вилоятию, шахри ягон пешрави надод, хатто талаби эьтирофи хуччатхои коргохи сохибкор конеь карда нашудаанд!!!
    Агар чунин холат дар Чин вае дигар давлати пешрафта мебуд, ин харакати Раиси шахр, аз руи конун ва е дар мухокимаи ВАО карор мегирифт.
    Дар МО бошад, на чавобгар хасту на пурсанда, аз ин ру хама худ шоху табьашон вазиранд!!!

Ваш e-mail не будет опубликован.