• Бахтовар Сафаров
  • 07.08.2019
  • 0

Балғаму луоб чӣ тавр аз гулӯ тоза мешавад?

Балғами гулӯ ва маҳкам шудани бинӣ бо сабаби сулфа ва нафаскашии номуътадил рух медиҳад. Дар ин ҳолат балғам дар шушҳо ҷамъ шуда, саломатии шахсро халалдор мекунад. Шояд саволе ба миён ояд, ки балғам чист ва он аз куҷо пайдо мешавад?

Балғам моддаи часпак буда, тарашуҳоти мембранаи луоб аст, ки мисли қапқон чанг ва вирусҳои дар атрофбударо ба худ мегирад. Вазифаи асосии он инсонро аз хунук нигоҳ доштан аст, ки дар вақти луоб дар гулӯ ва қафаси сина, ки бронху шуш ҷойгир аст,  ҷамъ шудан сулфа пайдо мешавад. Дар вақти роҳҳои бронҳо бо балғам ва луоб пур шудан бояд онро тоза кард, чунки ин ҳолат ба саломатӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Нишонаҳои пур шудан аз ин моддаҳо табларза, сулфа, бемадорӣ ва бо душворӣ нафас кашидан мебошад.

Барои  бартараф кардану канда шудани балғами ҷамъшуда, лимӯ ва асал беҳтарин даво барои мушкилиҳои роҳҳои нафаскашӣ мебошад.

Ин маҳлулро чунин омода мекунанд:

1 қошуқи калон асали тоза, 2 қошуқи калон шарбати лимӯро бо ҳамдигар хуб омехта намуда, давоми рӯз се маротиба истеъмол кардан муфид аст.

Имбир низ хостияти шифобахшӣ дошта,  зидди сулфа, вирусҳое, ки дар роҳҳои нафас ҷой мегиранд, мебошад.

Тарзи таҳияи ин доруворӣ чунин аст:

Дар ду истакон об 1 қошуқ  мурчи куфташуда, 6-7 пораи имбирро бо 1 қошуқи калон асал мегирем. Дар болои оташ дар як зарф обро рехта, мурч ва имбирро илова мекунем ва то ҷӯшидан онро нигоҳ медорем. Баъд  зарфро аз болои оташ гирифта, то тагшин шудан нигоҳ медорем  илова мекунем. Ҳар рӯз ба миқдори 2-3 қошуқи майда истеъмол карданро тавсия медиҳанд.  

Зардчӯбаро бо номи куркума низ мешиносанд. Ин навъи буттагиёҳ дар таркибаш моддаҳои зиддизамбурӯғӣ ва зиддимикробӣ дорад. Решаи он беҳтарин даво барои нест кардани лубо, бактерия ва балғам мебошад. Истифодаи он ба таври фурӯ бурдан сурат мегирад ва тарзи таҳияаш чуни наст:

Дар як истакони оби гарм ½ қошуқи калон намак, 1 қошуқи калон хокаи зардчӯбаро ба ҳам омехта карда, дар як рӯз чанд мароотиба бо ин маҳлул гулӯро обгардон мекунед. Ин усули одӣ буда, дар муддати кӯтоҳ балғамро тоза карда, ҳама намуди сироятҳоро нест мекунад.

Нафаскашии бӯғӣ, ки онро дар тиб «ингалятсия» мегӯянд, яке аз усулҳои натиҷабахш барои рондани балғаму луоб ва кам кардани сулфа мебошад. Ин навъи муолиҷа метавонад, бо дастгоҳи махсус, ки «ингалятор» мегӯянд, иҷро шавад ё ин ки дар зарф андохта, болои сарамон латтаеро мепӯшонем, то ки буғ ба роҳҳои нафаскашии мо зудтар равад.  Дар тиббӣ қадим дар дохили обе, ки буғашро нафас мекашем, бештар бобуна ҳамроҳ мекунанд. Шумо метавонед  дар 4-5 истакон оби ҷӯшомада ½  қошуқи калон сиёҳдона, ½ қошуқи калон шакардсеб (poзмapинa) андохта, якҷо карда, буғи онро нафас кашед. Инро дар як рӯз ду маротиба анҷом додан муфид аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner