• Mardon
  • 07.10.2019
  • 0

Баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Рўзи 4-уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ оид ба «Баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа» доир гардид. Дар он генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, генерал-майори милитсия Зикрулло Ҳукуматуллозода, сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД,  генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд,  Баҳром Абдуллоев, намояндаи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ва намояндагони ҷузъу томҳои ВКД, раисон ва аъзои Шўроҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳамкории милитсия аз шаҳру вилоятҳо ва манотиқи ҷумҳурӣ, ки беш аз сад нафарро дар бар мегирифт, иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи мизи мудаввар Умарзода Икром Ислом гуфт, ки  “боварӣ дорем, ки тадбирҳои дар доираи Барномаи ислоҳоти милисия, махсусан дар самти тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегирад, зеро мизи мудаввари мазкур барои мубодилаи афкору таҷриба, баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбӣ як муҳити хеле муносиб мебошад”.

Ба андешаи номбурда, яке аз вазифаҳои асосии милитсия ин барқарор намудани ҳамкории зич бо ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба Рўзи милитсия иброз намуда буданд, ки: “Ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад”.

Имрўз Вазорати корҳои дохилӣ эътироф менамояд, ки иштироки ҷомеа тавассути таъсис додани боварӣ ва дастгирии мақомоти милитсия дар ҳалли масъалаҳои ҷиддии амниятӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ ҳамчун як усули самаранок ва хеле муҳим дар ҳалли мушкилоти бехатарӣ мебошад. Зеро милитсия дар танҳоӣ ба пурра ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти амнияти ҷомеа ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қодир нест. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳарчи бештар роҳу усулҳои самараноки ҳамкории милитсия бо ҷомеаро коркард ва роҳандозӣ намоем.

Сипас, афсари миллӣ оид ба мусоидати раванди ислоҳоти милитсия дар Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳром Абдуллоев қайд намуд, ки ҳамкории қавии аҳли ҷомеа бо мақомоти милитсия меҳвари асосии барномаи ислоҳоти милитсия ба шумор меравад, аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баҳри наздик намудани шаҳрвандон ва эътимоднокии онҳо ба кормандони милитсия тамоми чораҳо амалӣ гардидааст. Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе омодааст дар мувофиқа бо созишномаҳои баимзорасида барои амалишавии раванди ислоҳоти милитсия тамоми имкониятҳоро истифода намояд.

Дар идомаи чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода оид ба корҳои то ба имрўз ба сомон расонида ва дастовардҳои ВКД оид ба раванди ислоҳоти милитсия, аз ҷумла қабули Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия, нақшаи амаликунонии Барномаи мазкур, вохўриву курсҳои омўзишии доиргардида, фаъолияти Шўроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти пурсамари телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва телефони «Мадад 19-19», таъсисёбиву саҳми сомонаи расмии ВКД, маркази тестӣ, фаъолияти нозирон оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила, Дружинаҳои ихтиёрӣ, марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дигар дастовардҳои ВКД суханронӣ намуд.

Номбурда зикр намуд, ки инкишофи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ислоҳот дар системаи милитсияи тоҷик яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар яки мо имрўз мебояд аз ҳарвақта дида бештару беҳтар ба роҳ мондани робитаи зичи аҳолӣ бо кормандони милитсия кўшиш ба харҷ диҳем ва дар раванди ислоҳоти милитсия саҳми арзандаи худро гузорем.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо аз фаъолияти шабонарўзии кормандони милитсия, ҳамкориҳои судманди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон, шароитҳои кории муҳайёгардидаи Шўроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят суханронӣ намуда, афзуд, ки имрўз барои намояндагони Шўроҳои ҷамъиятӣ бо тамоми шароити корӣ таъмин гардида, дар ҳамкории милитсия бо аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Аз ҷумла, барои Шўроҳои ҷамъиятӣ ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоту таҷҳизоти корбарӣ ҷудо карда шуда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Инчунин, нозирони минтақавӣ пайваста бо намояндагони Шўроҳои ҷамъиятӣ дар маҳалҳо, ҷамоатҳо вохўриҳо гузаронида, кўшиш менамоянд, то аҳолиро аз раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкориҳои мутақобила шинос намоянд.

Сипас, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД генерал-майори милитсия Зикрулло Ҳукуматуллозода зикр кард, ки дар баробари фаъолияти шабонарўзии нозирони минтақавӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканиҳо, посдории волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар баргузории чорабиниҳо, инчунин саҳми намояндагони Шўроҳои ҷамъиятӣ ва Дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонони гурўҳи «Авангард» назаррас мебошанд. Зеро онҳо пайваста дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллидошта иштирок намуда, дар ҳамкории зич бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарор доранд.

Дар идомаи баргузории мизи мудаввар муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Абдуқодир Мирзозода оид ба мақом ва иқтидори бузурги ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти гурўҳи ҷавонони «Авангард», вохўриву чорабиниҳои доирнамудаи онҳо бо донишҷўёни донишгоҳҳову донишкадаҳо ва ҷавонони дигар шаҳру навоҳии манотиқи ҷумҳурӣ, тақвият ёфтани ҳамкории аҳолӣ бо кормандони милитсия, саҳми онҳо дар корҳои ободониву ҷамъиятӣ суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ў қайд кард, ки боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерўи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоии ҷомеа, инчунин таълиму тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи Ватанпарварию худшиносӣ аз масъалаҳои басо муҳим ба шумор рафта, аз шахсони масъул тақозо менамояд, ки ба рафтору муносибат ва одобу ахлоқи онњо диққати махсус дода шавад.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар раванди амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия яке аз роҳҳои татбиқи Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ин ҷалби ҷавонон дар ҷараёни таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани Барнома, Стратегияи ислоҳоти милитсия ва Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа бо дастур ва супориши роҳбарияти ВКД ва нақшаи чорабиниҳои ХПҲНҶ бо ҷалби ҷавонони гурўҳи «Авангард» пайваста чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишиву маърифатӣ доир менамоянд, ки дар густариши ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти корҳои дохилӣ нақши назаррас доранд.

Ҳамчунин, сардори Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз мақоми Шўроҳои ҷамъиятӣ дар назди аҳолӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми онҳо дар наздик гардонидани робитаи шаҳрвандон бо кормандони милитсия суханронӣ намуда, қайд кард, ки мо, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, Шўроҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту ҷамъиятҳое, ки дар амалишавии раванди ислоҳоти милитсия фаъолият доранд, барои сазовор шудан ба боварии шаҳрвандон ва эътимоди онҳоро ба даст овардан бояд пайваста миёни аҳолӣ бошем ва он муаммоҳое, ки садди роҳ гардидаанд, дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ бартараф намоем.

Дар идомаи баргузории мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ оид ба «Баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа» роҳбарон ва намояндагони Шўроҳои ҷамъиятии шаҳру вилоятҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ аз фаъолияти шўроҳо, камбудиҳои ҷойдошта, барномаҳои амалинамудаашон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Икром Умарзода бо Фармоиши вазири корҳои дохилӣ як қатор роҳбарону намояндагони Шўроҳои ҷамъиятиро барои саҳми арзанда гузоштанашон дар тақвият ёфтани ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ, бо Ифтихорномаи фахрии ВКД ва Раҳматномаи Вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ шудаанд, табрик намуд.

Дар қисмати интиҳоии мизи мудаввар иштирокчиёни чорабинӣ оид ба нақшаи дурнамои Шўроҳо ибрози назар намуда, барои пешбурди самти фаъолият таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт.

Раҷаббек ИЛЁСОВ

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner