• Mardon
  • 01.08.2019
  • 0

«Барқи тоҷик»: Қимати неруи барқ гарон мешавад

Ширкати «Барқи тоҷик» эълон кард, ки дар ояндаи наздик арзиши як киловат-соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон 29 дирам хоҳад шуд.

Ҳоло нархи 1 киловат-соатнеруи барқ ба 22 дирам баробар аст.

Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи ширкати «Барқи тоҷик» рӯзи 31 июл дар нишасти матбуоти гуфт, «арзиши аслии як киловат нерӯи барқ бо назардошти бозгашти маблағҳои сармоягузорӣ қариб 29 дирамро ташкил медиҳад».

Ин дар ҳолест, ки коршиносон дар гузашта арзиши аслӣ ё хароҷот барои ҳар киловат барқ дар кишвар ҳудуди 10 дирам арзёбӣ карда буданд.

Қаблан сабаби аслии боло рафтани арзиши неруи барқро ба пӯшондани қарзҳои ширкати “Барқи тоҷик” марбут хонда буданд, ки 23 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner