• Бахтовар Сафаров
  • 19.07.2019
  • 1

Бардорад, зам накун…

…Барқ боз қимат шуд. Аз 1 сентябр.  Ин  дуюмин “сюрприз”-и “Барқи Тоҷик” дар давоми як сол аст. (Бори охир 1 ноябри соли 2018 чунин иқдом сурат гирифта буд). Қарори Ҳукумат дар мавриди аз моҳи сентябр боз 17 фоизи дигар боло бурдани нархи барқ шаҳрвандонро ба ҳайрат овард.

То кай киссаи сӯрохро сӯрохтар мекунем ва нуқтаи охирини ин болоравиҳо чанд аст? 25  дирам, 30 дирам, 1 сомонӣ? Дар 11 соли охир нархи барқ дар Тоҷикистон 5,5 маротиба боло рафтааст, вале ҳеҷ не, ки ширкати ноуҳдабарои «Барқи Тоҷик” аз банди қарзҳояш раҳо ёбаду мардум нафаси тоза кашанд. Чаро шаҳрвандон бояд мушкилоти ин ширкатро ҳал кунанд? Магар пули додаи онҳо кам аст?

Вақте ки дар ин бора сухан мегӯӣ, ҷавоб медиҳанд: “Бонки ҷаҳонӣ талаб дорад, ки нархи барқ боло равад ва танҳо бо ҳамин роҳ метавон соҳаро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошт”. Ин Бонки ҷаҳонӣ чаро талаб намекунад, ки маош зиёд карда шавад, хизматрасонии тиббӣ арзон шавад, нархи гӯшт аз 50 ба 15-20 фарояд ва як справкаи оид ба вазъи саломатӣ аз 65 сомонӣ ба  5 сомонии пештара баргардад ва ришвахӯрию шиносбозӣ аз байн бурда шавад? Аслан, ин созмонеро, ки бе умеди фоидаи худ ба касе як дирам ҳам намедиҳад, ба мо чӣ кор дорад? Рости гап, ин “аргумент” барои қиматшавии навбатии барқ буда наметавонад. Ҳамчунин, қарзҳои ҳангуфти ширкате, ки акнун рӯ ба тақсимот овардааст ва шояд ҳамин тақсимшавии вазифаҳои  истеҳсол ва фурӯши барқ дар оянда ягон натиҷа диҳад, баҳонае барои болоравии нарх буда наметавонад.

Ҳама интизори он буданд, ки баъд аз ба кор даромадани чархаи аввали НБО “Роғун” дар соҳаи тақсим ва фурӯши барқ ба аҳолӣ беҳбудие ба амал меояд. Аммо танҳо “реҷа” бекор шуду халос. (Ҳарчанд дар давоми фасли баҳори имсола  дар минтақаҳои алоҳида ин “реҷа” дубора “зинда” шуда буд) . Мутаассифона, ин умед ҳам пуч баромад. Ҳоло дар ҳисоботҳои худ вазири  энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода мегӯяд, ки барои аз қарз озод намудани “Барқи Тоҷик” 1,2 миллиард доллар зарур аст. Магар метавон аз ҳисоби нафақаи 250 сомонӣ ва маоши 500-600 — сомонии аҳолии кишвар ин маблағро ҷамъ овард? Шубҳаовар…

БОЗ НАРХИ БАРҚ БОЛО МЕРАВАД
Набзи мо рӯ бар Сурайё меравад,
Чунки нархи барқ боло меравад.
На маоше ҳасту на як ҷои кор,
Ин ҷафо бар киссаи мо меравад.
Сангтӯда дарди моро кам накард,
Барқи мо то кай ба савдо меравад?
Чашми уммеде ба Роғун доштем,
Ноумедӣ бар раги мо меравад.
Бо чунин ҳоли табоҳу бепулӣ,
Кай дили мо сӯйи фардо меравад?
«БАРҚИ ТОҶИК»-барқи андуҳу малол,
Нола бар лаб, зору танҳо меравад.
Ин идора доимо аз бепулӣ,
Чун гадоён бесарупо меравад.
Нархҳо аз қалби кайҳон бигзаранд,
Аз забонҳо ҳарфи «Э во» меравад.
Ғайри мурдан чизи арзоне намонд,
Набзи мо рӯ бар Сурайё меравад.
Исмоил Зарифӣ,
шоир

Мо фахр аз он мекунем, ки кишвари мо аз лиҳози захираи оби нӯшиданӣ ва захираҳои энергетикӣ яке аз ҷойҳои аввалро на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ишғол мекунад. Вале бубинед, ки аз ҳама оби қиматтарин  ва барқи қиматтарин  ҳам дар мост. Не, шумо ин нархро бо доллари “Амаки Сем” ҳисоб карда истода, на ҳамчун табааи ӯ, балки дар муқоиса бо даромади аҳолии кишвар бинед, он гоҳ мефаҳмед, ки ҷанобон аз Бонки ҷаҳонӣ киссаи моро ҳам чун киссаи худ пур аз доллар гумон кардаанд. Ин нархгузориҳои бемаслиҳат ҳам ба имиҷи кишвар, ки мардумро боз ҳам фақиртар мегардонад, таъсири манфӣ мерасонаду ҳам  дар раддабандии ҳарсола ба зинаи пасттарини фақр мебарад, ки  бо рӯҳияи мардум созгор намебошад. Албатта, бо овардани рақамҳои зиёд ва худсафедкуниҳои масъулин ин дардро табобат кардан ғайриимкон аст, аммо бояд қабл аз гирифтани тасмим бояд ба назар мегирифтанд, ки   ба ин мушкилот танҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ назар кардан иштибоҳ аст. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Раиси Парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров аст. Ӯ  дар як баромади худ пешниҳод намуда буд, ки қабл аз қабули қарор дар мавриди боло бурдани нархи ин ё он хизматрасонӣ бо намояндагони халқ маслиҳат бояд кард, то ки мардум ҳам ба таҳлука наафтанду ҳам қарор асоснок бошад. Зеро “ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд”. Аммо депутатҳои мо аз  чунин қарорҳо баробари мардуми одӣ огоҳ мешаванд. Амалан, ин тасмими “як гурӯҳ мутахассисон аст, ки ба чунин хулоса омадаанд”.  Халқ бояд қаҳрамонони худро донад. Инчунин, дар нархгузории фурӯши барқ  ширкат ҷадвали худро пешниҳод намудааст, ки онро аксарият ноодилона  мегӯянд. Масалан,чаро як нафақахӯр бояд барои 1 киловатт барқе, ки бо мақсади гарм кардани хӯроки шабмондааш сарф мекунад, бояд 22,66 дирам  диҳаду ширкати  “Алюминии Тоҷик” (Талко), ки соҳиби даромадҳои ҳангуфт аст,  ҳамагӣ  7,20 дирам? Амалан, ин ширкат барои ин нафақахӯр ва як соҳибхоназане, ки аз мавҷудияти чунин як  ширкати “эрка”  ҳатто хабар надорад,  чӣ манфиат меорад? Шояд орад, аммо ӯ аз ин бехабар аст ва бояд дар нархгузории барқ шаффофият мавҷуд бошаду  онро мардум донанд.  Ҳоло мувофиқи гуфти вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ,  ҳаҷми умумии қарзҳои ширкати “Барқи Тоҷик” ба ҳолати аввали соли ҷорӣ ба 22,9 млрд. сомонӣ (беш аз 2,4 млрд. доллар) расидаст. Тавре гуфтем, оё шутурро бо кафлес об дода мешавад, яъне бо се дирам зиёд кардани нархи барқ метавон ин қарзро адо намуд? Гумон аст, аммо миёни мардуми барқхарро бо ин роҳ метавон ба осонӣ шикаст. Зеро ин ҷо шиори “бардорад, зам кун”, ки роҳи осонтарин,  вале хатарнок аст, ба кор намеравад ва роҳи дигаре бояд пайдо кард, ки соҳаро аз бунбаст барорад. Ин кадом роҳ аст, бояд ҳам Ҳукумат, ҳам Парлумон ва ҳам масъулони соҳаҳои манфиатдор сари он андеша кунанд… 

А. АҲМАДЗОДА,

шореҳи “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner