• Mardon
  • 02.07.2019
  • 0

БАТР сармоягузориро ба Тоҷикистон се баробар афзоиш медиҳад

Раҳбари Бонки  аврупоии таҷдид ва  рушд  (БАТР) гуфт, ин бонк мақсад дорад сармоягузориро дар бахшҳои мухталифи давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон се баробар афзоиш диҳад.

Сума Чакрабартӣ, раиси БАТР рӯзи 1 июл дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони тоҷик дар Душанбе таъкид кард, ки феълан 22 лоиҳа бо маблағи умумии 521,7 миллион доллар дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон иҷро мешавад.

Дар ин мулоқот иброз гардид,  маҷмӯи лоиҳаҳои  амалкунанда ва анҷомёфтаи БАТР дар Тоҷикистон  беш аз 840 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 585 миллион доллар ба бахши давлатӣ ва  беш аз 260 миллион доллар ба бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ равона карда шудааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Сума Чакрабартӣ,Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ба ҳузур пазируфт.

Зимнан,  БАТР аз соли  1993 дар Тоҷкистон фаъолият дошта, самти фаъолтияти он асосан ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши молиявӣ, дастгирии инфрасохтори муҳим ва беҳсозии сифати таъминот бо неруи барқ, идоракунӣ ва сарфаи неруи барқ, обтаъминкунии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои  коммуналӣ ва рушди соҳаи нақлиёт нигаронида шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner