• Бахтовар Сафаров
  • 05.02.2019
  • 0

Байти Лоиқу угро ба Бозор

Лоиқ бо хоҳиши мо шабзиндорӣ кард, Бозори ташнаи угро дар ҳавои сарду қаҳратун дар истгоҳ соате чанд моро интизорӣ кашид.

Оташи ҷанги шаҳрвандӣ, каме хомӯш шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар баъзе аз гӯшаҳои диёрамон нооромиву бетартибиҳо идома доштанд. Дар ҳамон  солҳо, банда дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  фаъолият мекардам ва бо тавсияи раиси ҳамонвақтаи ин созмон равоншод Мирзоҳаёт Давлатов барои кор ба КД “Тоҷиккомунсервис» фиристода шудам.

Маро дар ин ташкилот ба ҳайси мудири шуъбаи матбуот ва сармуҳаррири маҷаллаи навтаъсис таъин карданд. Аз сабаби оне ки маҷалла ҳанӯз ташкил нашуда буду шуъбаи матбуот дар ин корхона нав буд, ман хеле парешон шудам, зеро  намедонистам, ки «Тоҷиккомунсервис» ба кадом корҳо машғул аст.

Ҳамчун мудир ва сармуҳаррир, фаъолияти корхонаро омӯхта, нахуст бояд номи маҷалларо мегузоштем ва сипас, онро аз қайди давлатӣ мегузарондем. Аз ин рӯ,барои гузоштани номи мувофиқ ба маҷалла ба назди раиси Бунёди забони тоҷикӣ, шоири бузург, устод Лоиқ Шералӣ рафтам ва мақсади ташрифамро ,ба эшон арз кардам.

Устод пурсиданд, ки ин ташкилот кадом корхонаҳоро дар бар мегирад ва ба чӣ кор машғул аст. Ба эшон гуфтам, ки  КД «Тоҷиккомунсервис»  корхонаҳои коммуналӣ, обу газ, водоканал, МБТИ ва ғайраҳоро фаро мегирад.

Лоиқ Шералӣ, баъди каме андеша гуфтанд:

-Баъзе луғатҳоро бояд бинам, шумо пагоҳ оед, ягон чиз фикр мекунем.

Пагоҳи он рӯз ба назди устод рафтам.

Устод бо табассум гуфтанд:

-Дар зиндагӣ чунин корҳо ҳам мекардаем. Ман имшаб чандин луғатҳои соҳавиро варақ зада, чанд калима интихоб кардам ва варақеро ба ман дароз карда, идома доданд, — ба назар осон менамояд, вале кори мушкил будааст.

Дар варақ устод Лоиқ чанд номро барои маҷалла  пешниҳод карда буданд: «Ҳоҷатбарор», «Мушкилкушо», «Мушкилосон», «Хадаматгор», «Хизматгузор»…

Ман аз устод хоҳиш кардам, ки барои кушоиши кори маҷалла як шеър ҳам навишта диҳанд. Устод як варақчаи дигарро гирифта, ду мисраъ шеър навишта доданд, ки баёнгари фаъолияти корхонаи мо буд.

8 март наздик мешуду раис ба мо супориш доданд, ки аз ҳаёти фаъолияти бонувони корхона як рӯзномаи деворӣ ба табъ расонем.

Мо ҳамроҳи рӯзноманигор ва рассоми собиқадор Мирзопӯлод Тошбеков як рӯзномаи рангаи хеле хубу зебо омода карда, ба он «Шӯълаи умед» ном гузоштем ва рӯзномаро дар даромадгоҳи корхона овезон кардем. Раис субҳ, вақте ба корхона омад, рӯзномаи девориро дида, хушаш омада, гуфт, ки номи маҷалларо низ чунин гузорем.

Ҳамин тавр, мо маҷаллаи навтаъсисро бо номи «Шӯълаи умед» аз қайди давлатӣ гузаронида,  ҳамроҳи фарзанди устод Лоиқ Ромиз Шералӣ, ки саҳифабанд буд, ба чоп тайёр кардем.

Ва он ду мисраъ шеъре, ки устод барои маҷалла навишта буданд, ҳамчун «шапка» дар муқоваи маҷалла ҷой кардем, ки то охир чун шиор нашр мешуд:

То ҷо бишавед дар дили халқ,

Осон бикунед мушкили халқ.

                                                                                                                         (Лоиқ)

Ин хотира шаҳодат медиҳад, ки устод Лоиқ, бо вуҷуди бузургиву серкориашон ва шуҳрати бемислашон, фурӯтан, хоксор, заминӣ ва дастгиру мададгор буданд. Вагарна, барои як пешниҳоди ман шуда, шабҳои дароз луғатҳоро варақ намезаданд ва бо як хоҳиши ман барои маҷалла он байтро наменавиштанд…

Угро барои Бозор

Солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ устод Бозор Собир мисли ҳазорон ҳамватанонамон ба шаҳри Москав рафта, ҳамроҳи аҳли оилаашон он ҷо зиндагӣ мекарданд. Ман ҳам он солҳо дар муҳоҷират, дар бозори “Киев” ба тиҷорат машғул будам ва ҳамроҳи дугонаам (ёдаш ба хайр) Сабоҳатхон дар Москав, дар хонаи ҳуқуқшинос Гавҳар Ҷӯраева ҷой гирифта будем.

Як рӯзи истироҳат ба устод занг зада, аз ҳолу аҳволашон пурсон шудам. Устод аз шунидани овози ман хеле хушҳол шуда, хоҳиш карданд, ба дидорбиниашон равам.  Суроғаи эшонро гирифта, рӯзи дигар баъди кор, барои устод угрои дастӣ пухтему онро гирифта, ба роҳ баромадем. Медонистам, ки устод угроро хеле дӯст медоранд.  Он солҳо телефони мобилӣ набуд. Аз хона занг зада, ба Бозор Собир хабар додем, ки мо ба роҳ баромадем. Аммо ба автобусе, ки ба самти хонаи эшон мерафт, баръакс нишастаем. Шаб торик мешуду ҳеҷ номи истгоҳи мо садо намедод. Билохира, аз ронанда пурсидам, ки мо кай ба он истгоҳ мерасем? Ронанда гуфт, ки шумо баръакс савор шудед, бояд аз тарафи дигари роҳ менишастед. Ҳамин тавр, аз байн як соати дигар гузашту ба истгоҳи хонаи устод Бозор Собир расидем. Баробари фаромадан аз автобус, бинам устод он ҷо мунтазири моянд.

Шабҳои моҳи январи Москав хеле сард аст. Бо вуҷуди ин устод Бозор Собир, ба хунукӣ нигоҳ накарда, қариб ду соат дар истгоҳи автобус моро интизор шудаанд…

Суҳбати мо дар гирди миз хеле гарму гуворо буд. Устод Бозор угроро ҳур-ҳур меошомид.

-Устод, мебахшед, ки дар ин сардӣ шуморо ду соат дар кӯча интизор кардем…

-Ҳеҷ гап не, барои як коса угрои тоҷикӣ, нисфи умрамро дода, интизор шавам ҳам меарзад, — гуфта косаро ба сар кашиданд.

Ашк дар чашми мо ғарибон ҳалқа зад…

Аз ин ба баъд фақат аз Ватан суҳбат кардем.

Баъди як ҳафтаи ин вохӯрӣ фаҳмидем, ки устод Бозор Собир ба Амрико ҳиҷрат кардаанд.

Барф аз кафтархонаи арш

Пас аз ба Душанбе баргаштан, устод Бозор Собир каме нотоб шуданду мо як гурӯҳ дӯстону наздикон ба хабаргирияшон рафтем. Он рӯз барфи аввалин мебориду ҳаво сард буд, аммо дари хонаи эшонро баста дарёфтем. Чанд маротиба дарро кӯфтему садое набуд. Ба Гулчеҳра, ҳамсари устод занг задем. Янга гуфтанд, ки бо кори заруре аз хона баромадаанду устод чун одати ҳамешагӣ хобанд, аммо хоҳиш карданд, ки ба ҷое нарафта, мунтазир шавем, он кас меоянд.

Баъди чанд лаҳза Гулчеҳра ҳам расида омаданд ва узр пурсида, дарро кушоданд. Аз дидани мо чор нафар занони «ҳузарб» устод шод шуда, бо ҳазл гуфтанд:

-Охир шумо якта-якта биёед намешавад, аз тарс дарро накушодам.

 Ҳама хандидем.  Он рӯз суҳбатамон хеле гуворо буд. Устод гуфтанд, ки барои табобат ба Амрико мераванд.

-Набераҳоро ёд кардам, — мегуфтанд.

Зимни суҳбат устод тез-тез назди тиреза рафта, боридани барфро тамошо мекарданд ва кӯдаквор хурсанд мешуданд.

-Барфи Тоҷикистон дигар хелай, бӯ дорад, бӯйи қишлоқ, -мегуфтанд устод ва бадоҳатан ин мисраъҳоро месуруд:

Барф меборад чун ҷулидапар,

Аз кафтархонаи арш медиҳад хабар.

Чунин ватандӯст буданд, устод Бозор Собир. Эшон аз як коса угро, аз як зарраи барф ҳам Ватан меҷустанд, зеро заҳри ғарибиро чашида буданд.

Ёдат ба хайр, ватандӯсти асил Бозор Собир!

Тоҷинисои Азиз,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner