• Бахтовар Сафаров
  • 26.03.2019
  • 0

Базми Наврӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат (Видео)

Шоми рӯзи 26 март дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат бо иштироки ситораҳои эстрадаи ватаниву кишварҳои ҳамсоя консерти бошукуҳ бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор гардид.

Барандагони ин ҷашни дилангез Мубориз ва Нилуфари Сарбоз меҳмононро хайрамақдам намуда, бо рақосаҳои хушхироми ансамбли Гулрез консертро ҳусни оғоз бахшиданд. Бо ташабуси  раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмон сарояндагон базми  наврӯзиро бо суруду таронаҳои дилнишин тасфонида, барои меҳмонон ва мардуми шаҳри Ваҳдат шоми гувороеро тақдим намуданд.

Сарояндагони тоҷик Шабнами Сурайё, Зулайхо Мамадшоева, Фаридуни Хуршед, Сироҷиддин Фозилов, Афзалшои Шодӣ ва Нишонаи Рустам ташнагони ҳунарро ба ваҷд оварданд. Меҳмонони консерти наврузӣ ҳунарманди ҷумҳурии Ӯзбекистон Севинч Мӯъминова ва ҳунарпешаи афғон Сита маҳфилро ранги дигар бахшиданд.

Шумо метавонед сабти мусоҳибаи Шариф Ҳамдампурро бо ҳунарпешаи машҳури Ӯзбекистон Севинч Мӯъминова ва дурахшонтарин ситораи афғон Сита Қосимӣ дар сомонаи Tajikistantimes метавонед дастрас намоед.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner