• Administrator
  • 15.03.2019
  • 0

Беадолатӣ ду писарамро аз ман рабуд

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии ҶТ Шермуҳаммад Шоҳиён

Ман модари танҳою дилшикастае ҳастам, ки 5 нафар фарзандро бе падар калон кардам. Худам, ки дар оилаи зиёӣ – омӯзгори хизматнишондода ба воя расида, соҳиби касб шудаму 28 сол боз дар соҳаи тиб кору фаъолият дорам, ҳамаи писаронамро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, одаму одамгарӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватану ҳаммеҳанони азиз тарбия мекунам.

Писари калониам Парвиз баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ соли дуюм аст, ки ҳамчун мутахассиси ҷавон дар Агенти омори назди Ҳукумати Тоҷикистон кор мекунад. Унвони  лейтенантӣ дорад.

Писари дуюмам Бекмуҳаммад соли гузашта бо дониши худ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда буд. Ҳар дуи писаронам ҳам устоди варзиш ҳастанд ва  борҳо дар мусобиқаҳои гуштингирӣ фаъолона ширкат варзида, ғалаба ба даст овардаанд. Албатта, дар шароити душвори иқтисодии имрӯза ба як нафар модар тарбия намудани 5 писар осон нест. Аммо ман ба ҳама душвориҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, тамоми ҳаётамро ба онҳо бахшидам ва шукрона мекунам, ки бачаҳои хубу бодооб ҳастанд. Ҳамаи ҳамсояҳо ва ёру дӯстону шиносону наздикон хислатҳои хуби фарзандонамро медонанд. Вале афсӯс  нотавонбинӣ ва туҳматҳои як ҳамсояи бадхоҳамон сабаб шуду фарзандони калониам Парвизу Бекмуҳаммадро бегуноҳ паси панҷара бурданд…

… Оилаи Пировҳоро дар маҳалл ҳама хуб мешиносанд. Қариб ду сол аст, ки онҳо ба фарзандони ман бахилӣ карда, фурсат меҷустанд то онҳоро ба ягон бало гирифтор кунанд. Ниҳоят, рӯзе баҳсу ҷанҷоли ду кӯдаки ноболиғро, ки яке писари Пировҳо ва дигар писарчаи хурдии ман буд, баҳона карда,  фарзандони калони ин оила барои «разборка» ба хонаи ман омаданду ҷангу ҷанҷол бардоштанд. Вақти кашокашӣ Пиров Субҳони 18-сола ба замин афтода, каме ҷароҳат бардоштааст, яъне сараш  кафидааст. Вале Пировҳо бардурӯғ туҳмат кардаанд, ки гӯё писарам Бегмуҳамад ӯро бо занҷир зада сарашро захмдор кардааст! Аз ин ҳодиса 6 моҳ гузашту на нозири минтақавӣ  ва на муфаттиш  ягон тафтишоти дуруст набурданд. Шояд бо яке аз хешовандони Пировҳо, ки дар ШВКД-2 кор мекунад, забон як карда бошанд ва аз ҳамин сабаб раиси маҳаллаамон низ аз ҳоламон пурсон нашуду парвои моро накард.

Аз ҳама аламовараш ҳамин, ки Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳукми ноодилона бароварда, писари калониам Парвизро ба муҳлати 2,5 сол, Бекмуҳаммадро  ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда, ҳар дуяшонро дар СИЗО дар камераи махсус барои ҷинояткорони вазнин, яъне одамкушҳо ҷой кард. Магар ду писари ман,ки дар як моҷарои сарироҳӣ худашон низ захмӣ шуда буданд, аз он ҷо шахсони солим шуда мебароянд? Бигзор тафтишотро аз нав ва одилона гузаронанд, ҳамаи ҳамсояҳо ва шоҳидонро бипурсанд, чун вақти тафтишот ва мурофиаи судӣ ягон нафари онҳоро пурсуҷӯ накардаанд. Зеро ҳолати кор дар ин моҷаро ҳанӯз пурра нашудааст ва ҳатто олоти ҷиноят вуҷуд надорад. Ҳоли ман – модари танҳои сарсахту дилшикастаро худатон як тасаввур кунед. Магар барои модар якбора дидани чунин аҳволи ду фарзанди бузургаш осон аст?

Г. Шифоева,

сокини ш.Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров,

гузаргоҳи 16, хонаи 3

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner