• Mardon
  • 05.09.2019
  • 1

БЕГОНАГИИ ДИЛҲО ё МАН ОДАМИ КИСТАМ?

Дар ин даҳ рӯзи охир бо чанде аз мансабдорони зинаҳои гуногун дидор доштам. Ҳарчанд суҳбатҳо хуш мегузашт ва ман бе ягон андеша гапи диламро мегуфтам, сухани ростро (дар зимн шояд се даҳсола аст, ки дурӯғро бадтарин гуноҳ медонам ва онро аз беху реша тарк кардаам. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ моҳҳои дароз азоби виждон кашидаву аз ончӣ ба сари мардум омад, хуни ҷигар хӯрдаву аз дурӯғ тавба кардаам), кутоҳаш, бо дили боз муносибат мекардам, дар посух инро меламсидам, ки онҳо бо шубҳа ба ман менигаранд, гоҳе моҳирона ба гузашта ишора мекунанд, ҳарчанд пеш аз он ки чизе бигӯянд, ман худам он гузаштаро барояшон ёдовар мешавам.

Хуб, шояд ин бардошти нодурусти ман аст, вале фаҳмондани он ки рӯзноманигории қарни 21 замоне судманд хоҳад буд, ки бетарафона бошад, на ҳамеша муяссарам мешавад ва на ҳамеша дар рӯбарӯям дили боз мебинам. Дар моварoи суҳбатҳо номи китоби писарам ба ёдам мерасад: “Ҷанги дилҳо”. Пас, воқеан будааст ин падида – ҷанги дилҳо? Хуб, дар ҳолати ман шояд намешавад, онро ҷанг номид, балки “бегонагии дилҳо” гуфтан дақиқтар хоҳад буд.

Барои намуна, яке аз онҳо ҳангоми суҳбат гуфт, “хаааайр, дидаем сурати шуморо бо Нурӣ, ҳамроҳи Тураҷонзода.” Оре, як акс дорам, ҳангоми мусоҳиба бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Вале ҳеч акси муштараке бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода надорам. Лек, манзур чист? Яъне ман бо онҳо будам? Одами онҳо будам? Ин аст осонтарину кутоҳтарин хулоса ва ҳолнома?

Тадриҷан, пас аз чанд мулоқот, гоҳе ки ба меҳмонсаро бармегардам ва дар ойина ба худ менигарам, тасаввур мекунам, ки чӣ симое аз ман дар зеҳни онҳо сохта шудааст. Солҳои дароз. Вожа ба вожа, ҷумла ба ҷумла, ишора ба ишора, мақола ба мақола. Оре, бо чашми онҳо ба худ менигарам ва як шахси тамоман дигарро мебинам. Ношиносеро. Хуб, ин ихтиёри ҳар кас аст, ки дар бораи каси дигар чӣ меандешад. Аммо бузургвории кас ба он андоза аст, ки андешааш дар бораи дигарон то чӣ ҳад ба ҳақиқат наздик бошад. Барои ин бояд аз дурӯғ фирор кард.

Хуб, агар он аксҳо баёнгари асили ҳақиқатанд, як аксе, ки ҳоло нахустин бор нашр мекунам, шояд дар зеҳни чунин касон як баробарӣ ва тавозунеро ба вуҷуд орад? Сурате ҳамроҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Инро ҳам бинанд. Ва ҳарчӣ мехоҳанд, ба худ бигӯянд. Чӣ? Куҳна аст? Аз соли 2000? Оре, аз ҳамон замон ва ман ташаббускори омадани Ҷаноб ба Радиои Озодӣ будам, чун ҷаласаи мавриди ширкаташ дар фосилаи чандсад метр аз дафтари мо мегузашт ва мегуфтам, хуб аст, агар аз фарзандони Тоҷикистон ҳам дидоре бикунад. Аксҳое, ки шумо мегӯед, ба маротиб куҳнатаранд.

Бале, шояд замоне ҷавони шӯрида, муборизи зидди режими коммунистӣ, узви гуруҳи муассисони “Растохез”, журналисти бебоку оташсухан будам. Ҳоло ҳарчӣ бигӯед ва ҳарчӣ ба ман бубандед, ки одами кӣ, ҳамнишини кӣ. Вале бигӯям, он замон ҳам сарсупурдаи озодии сухан, ростӣ, ҳақиқат ва адолат будам ва ҳоло ҳам ҳамингуна мондаам. Дигар нашудаам ва дигар намешавам. Ман одами худам ҳастам, ман одами мардумам ҳастам, ман фарзанди Тоҷикистон ҳастам ва сурати аслиям бо худам аст, ҳамроҳи худам. Ҳамеша. То ҳастам. Вассалом.

Салими Аюбзод, и.в. мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner