• Бахтовар Сафаров
  • 28.07.2019
  • 0

Беморхонаи Шаҳритуз: Мушкилоти 20-сола кай ҳалли худро меёбад?

Бинои асосии беморхонаи ноҳияи Шаҳритуз ба иллати фарсудаву таъмирталаб будан зиёда аз ду даҳсола инҷониб мавриди истифодаи пурра қарор намегирад. Аммо дар ин муддат на мақомоти маҳаллӣ ва на Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои азнавсозияш иқдом накардаанд.

Мебинанду мераванд…

Ин бино аз се қабат иборат буда, дорои 160 кати хоб  барои беморон мебошад. Дар сурати бозсозияш метавон чанд шуъбаро ба таври алоҳида ҷойгир кард, ки ин боиси беҳтар шудани сифати хидматрасонии тиббӣ мегардад.

Ба гуфти духтури беморхонаи мазкур Бобоқамбар Авазов, аз таъмирталаб будани бино ҳамаи идораҳои дахлдор огоҳанд. Ва аз соли 1997 то кунун намояндаҳояшон меоянд, мебинанд, мераванд. Лекин ягон чора намеандешанд. “Шаҳритуз ноҳияи калон аст. Аҳолии зиёд дорад. Беморхонаи ҳозира танг аст. Дар як бинои хурд чанд шуъба фаъолият дорад, ки ин хилофи меъёрҳои тиббист. Агар бино таъмир шавад, мо метавонем чанд шуъбаро ба таври алоҳида ва мувофиқ ба талабот дар он ҷой диҳем. Ҳоло аз сабаби фаъолият накардани бинои асосӣ ба мардум дар сатҳи зарурӣ хизматрасонии босифати тиббӣ расонида намешавад”, — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Имсол ҳам маблағ нест?

Раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз Саодат Қурбонова гуфт, бинои асосии беморхона то соли 2006 нисбатан қобили истифода буд. “Аз сабаби тоза накардани заҳбуру заҳкашҳои атроф таҳхонаи бино пур аз об шуд. Дар натиҷаи як заминларза деворҳояш ҷо-ҷо кафиданд ва мо маҷбур шудем, ки шуъбаҳоро дар дигар бино ҷойгир кунем”, — афзуд ӯ.

Ахиран Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, дар ҳузури хабарнигорон ҳангоми нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки бино тайи солҳои тӯлонӣ барои истифода ҷавобгӯ нест. “Тамоми дару тиреза ва дигар ловозимоташро канда бурдаанд. Бинобар ин, барои бозсозии он маблағи зиёд, тахминан бештар аз 5 миллион сомонӣ лозим аст, ки чунин маблағро на Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва на раёсати мо дорад. Бо роҳбарияти ноҳия дар ин масъала суҳбат кардем. Онҳо сармояи хориҷӣ ҷустуҷӯ доранд. Агар пайдо шавад, дар он сурат корҳои таъмиру азнавсозӣ ҳам шурӯъ мегардад”, — иттилоъ дод сардори раёсат.

Дар ҳамин ҳол Саодат Қурбонова  масъалаи дубора барқарор кардани биноро чунин шарҳ дод: “Ҳоло гурӯҳи корӣ садамавӣ будан ё набудани биноро санҷида истодааст. Агар садамавӣ набошад, барои таъмираш якҷо бо дигар ниҳодҳои дахлдор чораандешӣ хоҳем кард”.

Аммо сардори Раёсати молияи ноҳияи Шаҳритуз Оятулло Қиноатшозода дар ин хусус назари дигар дорад. “Ҷудо кардани маблағ дар нақшаи имсола нест. Агар солҳои баъдӣ ба нақша бигиранд, мумкин ягон миқдор маблағ ҷудо шавад. Вале ин ҳам дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети ноҳия амалӣ мегардад”, — баён кард вай.   

Бинои дигар ҳам аз даст меравад

Мушкили дигар ин аст, ки дар шафати беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз иншооти якошёна ҷойгир аст. Ба қавли Рӯзибой Алимуродов, духтури кӯдакона, дар даврони шӯравӣ аз ҳамин бино тамоми беморхона бо гармӣ таъмин карда мешуд ва дар баробари ин бинои мазкур ҳамчун ҷойи ҷомашӯӣ хидмат мекард. Аммо афсӯс, ки имрӯз ин бино ҳам ба нестӣ рафта истода, ҳамзамон, беморхона аз нуқтаи гармидиҳӣ ва ҷомашӯйхона маҳрум аст.  

Касе дар фикри бехатарӣ нест

Ҳолати тааҷҷубангези дигар ин аст, ки бо вуҷуди вайрону валангор будани бинои асосии беморхонаи марказии ноҳияи Шаритуз, дар ошёнаи якуми он шуъбаи қалб фаъолият дорад. Масъулин сабаби инро дар набудани ҳуҷраҳои холӣ дар дигар биноҳои беморхона шарҳ дода, гуфта натавонистанд, ки оё дар бинои валангор фаъолият кардан ба шаҳрвандону кормандон ягон хатар дошта метавонад ё не.

Агар масъулин шароити муосири хизматрасонии тиббиро ба шаҳрвандони ноҳияи Шаҳиритуз таъмин кардан хоханд, пас ба мушкилоти беш аз ду даҳсола нукта мегузоранд. Ё шояд раиси тозатаъини ноҳия Ҷаббори Ғаффор орзуи чандсолаи духтурону сокинонро бароварда месозад? Инро вақт нишон медиҳад.

Машраби Аловиддин,

махсус барои “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner