• Бахтовар Сафаров
  • 16.07.2019
  • 0

Бемории сил ҳамасола 12 миллиард доллар хисорот меорад

Имрӯз вобаста ба натиҷаҳои панҷсолаи Барномаҳои ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва «Лоиҳаи даъват ба мубориза бар зидди бемории сил» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Вазорати тандурустии кишвар ва муасссисаҳои давлатӣ ва хусусии ҳифзи саломатӣ иштирок доштанд.

Равшан Тоҳиров, намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ меҳмонону иштирокдоронро ба ин конфренсияи имрӯза хайрамақдам гуфта, миннатдории хешро барои ҳамкорӣ дар ин самт баён намуд.

Мақсад аз таҳияи ин барнома паст кардани сатҳи бемории сил дар Тоҷикистон буд. Дар давоми панҷ сол дар 27 минтақаи пилотӣ, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар марказҳои саломатӣ, насби таҷҳизотии муосири тиббӣ дар марказҳои саломатӣ ва озмоишгоҳҳо ба роҳ монда шуд.

Марта Еверард, намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар ҶТ зикр намуд, ки бемории сил ба ҳаёти шахс хатарнок буда, ҳамчунин, аз ҷиҳати иқтисодӣ низ таъсири манфии худро мерасонад. Аз рӯи маълумотҳои дар дастдошта, ҳамасола ин беморӣ 12 миллиард доллар хисорот меовардааст. Нақши барномаҳои ЮСАИД, ки дар давоми панҷ сол фаъолият кард, хеле бузург аст.  Умед дорам, ки ЮСАИД дар оянда барои  беҳтар сохтани соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ, Барномаи миллӣ бар зидди бемории сил ҳамкориро идома медиҳад.

Ногуфта намонад, ки дар ин лоиҳа 860 000 нафар аҳолӣ аз тамоми ҷамоатҳои кишвар бо маълумоти асосӣ оид ба беморӣ, муоинаи тиббӣ ва табобату дастгирӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин, системаи электронии бақайдгирии беморони силро ҷорӣ намуд. Дар чил ноҳияи кишвар, ки 70 дарсади умумии кишварро ташкил медиҳад, тартиби нави табобати кӯтоҳмуддат бо маводҳои дорувории нав гузаронда шуд. Аз моҳи декабри соли 2016 то анҷоми нимсолаи авали 2019 аз рӯи лоиҳа зиёда аз 500 нафар беморро ба тартиби мазкур ба табобат фаро гиирфта, айни ҳол зиёда аз 100 нафар комилан шифо ёфта, муолиҷаи беморони боқимонда идома дорад.

Маҳинаи Давлат

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner