Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Беш аз ним тонна шираи камол мусодира шуд

Дар шаҳри Бохтар дар мошини тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи марди 52-солаи сокини ноҳияи Вахш, 527 килограмму 500 грамм маводи шираи сахтшудаи “камоли бадбӯй” кашф ва мусодира шуд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти ВКД, ҳангоми азназаргузаронии дохили мошин 6-адад зарфҳои ғунҷоишашон 50-литра, 1-адад зарфи ғунҷоишаш 5-литра, 2-адад зарфи ғунҷоишаш 3-литра ва 12-адад линчаҳои гуногун, ки дохилашон пур аз маводи бадбӯй ба монанди маводи шираи камол дарёфт шудааст.

Тибқи хулосаи экспертизаи кимиёвию фармасевтии Сарраёсати хадамоти назорати давлатӣ-тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон таҳти №346 аз 23-юми августи соли 2019 маводи гирифташуда, ба маводи шираи сахтшудаи “камоли бадбӯй” мансуб будааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 234 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.