• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 20.09.2018
  • 0

Бибии наберакуш

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як куштори ваҳшиёна дар ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод.

Як зани 58-солаи сокини ин ҷамоат рӯзи 12 сентябр набераи сесолаашро маҷбурӣ ва зинда ба зинда таги хоку лой кардааст Дар натиҷа писарбачаи хурдсол ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро баъди қариб як ҳафта- рӯзи 18 сентябр пайдо кардаанд…

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр дар бораи ошкор шудани як ҷинояти ваҳшиёна ва гӯшношунид дар ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон хабар дод.

Бино ба ин гузориш, ки бо номи «Куштори набераи хурдсол аз ҷониби модаркалон дар сомонаи расмии ВКД нашр шудааст, рӯзи 18-уми сентябри соли 2018, соати 16:30-дақиқа, аз назди ҷӯйбори обгузари ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷасади писарбачаи хурдсолеро пайдо кардаанд Дар ҷараёни тафтиш маълум карда шуд, ки ин ҷасади як

писарбачаи 3-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ мебошад.

Бо иттиҳоми даст доштан дар куштори ваҳшиёнаи ин кӯдак модаркалонаш, ки 58 сол дорад дастгир шудааст. ВКД менависад, ки модаркалон ҳанӯз рӯзи 12-уми сентябр, тахминан соатҳои 10:00-дақиқа, набераи хурдсолашро «тариқи маҷбурӣ зинда, таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа хурдсол ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади кӯдаки бечорае, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт ва наметавонист аз худ ҳимоят кунад, қариб як ҳафта дар зери хоку лой хобидааст ва ин ҳама муддат падару модари бечорааш худро ба сад кӯю дар мезаданд, ки ҷигарбанди худро пайдо кунанд. Бехабар аз онки кӯдаки маъсумро касе бегона не, бибии худаш бо чунин як усули ваҳшиёна зинда ба зинда зери хок кардааст ва баъди ин кирдор бибии қотил ҳамаи ин 6 рӯзи ҷустуҷӯи кӯдак парда ба рӯ кашида, сохтакорона чунин намоиш медод, ки гӯё гум шудани наберааш ӯро ҳам ба ташвиш овардааст.

Дар робита ба куштори ваҳшиёнаи ин кӯдак парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner