• Mardon
  • 29.08.2019
  • 1

“Билетбизнес” дар комиссариатҳои ҳарбӣ

Бори каҷ

Рустам Ғоибов, сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд аз  Ш. Валиев ном сокини кишвар барои аз хизмати ҳарбӣ озод кардан 700 доллар ва 400 сомонӣ пора талаб кард.

Ба гуфтаи Карим Иброҳимзода, сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, Ғоибов бо мақсади ба даст овардани маблағи бедардимиён духтури маркази саломатии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд Илҳом Дониёровро низ дар амал шарик кардааст. Ғоибов дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Дониёров моҳҳои август-сентябри соли 2018, яъне айни даъвати тирамоҳӣ ба боварии шаҳрванд Ш. Валиев,  ки ба хазмати аскарӣ даъват шуда буд,  барои аз хизмат озод намудан 700 доллар ва 400 сомонӣ “ҳаққи кор” талаб кардааст.

Чуноне мегӯянд, “бори каҷ ба манзил намерасад”. Ин ҳолати порагирӣ агарчӣ моҳҳои август-сентябри соли 2018 рух додааст, аммо ошкоршавӣ ва тафтишоти  он дар нимсолаи соли 2019 ҷамъбаст гардидааст.

Барои ин амали коррупсионияшон нисбати кормандони комииссарияти ҳарбӣ-Ғоибов ва духтур-Дониёров бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан  ба Суди гарнизони шаҳри Хуҷанд ирсол карда шуд.

1000 сомонӣ барои  додани билети  ҳарбӣ

Ба ин монанд ҳодисаи ба хизмати ҳарбӣ вобаста, ки хусусияти ҷинояти коррупсионӣ дорад, дар ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст. Амали коррупсионии корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ баъд аз аризаи шаҳрванд Н. Файзиев, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда буд, ошкор карда шудааст. Файзиев сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ буда,  баъди даъват шуданаш ба хизмати ҳарбӣ ба назди сардори зершуъбаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ — Маҳмадсалим Содиқов  рафтааст. Аммо номбурда бар ивази тайёр карда додани билети ҳарбӣ 1000 сомонӣ талаб кардааст.

Файзиев, ки шароити иқтисодияш тақозо намекард ин миқдор маблағро диҳад, ба мақомоти зидди коррупсияи вилоят шикоят кард. Баъди шикояти ӯ  нисбати Содиқов бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ  бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст. 

Тақсими пора байни сардухтуру корманди ҳарбӣ

Ба ин ду ҳодиса монанд ҳодисаи дигари пора талаб кардани кормандони комиссариати ҳарбӣ  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба қайд гирифта шудааст.

Шаҳрванд “А” ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки нисбати амалҳои ғайриқонунии муовини сардухтури беморхонаи Марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдуғафур Темиров ва аъзои комиссияи тиббии комиссариати ҳарбии ҳамин ноҳия Карим Каримов чораи қонунӣ андешида шавад. Зеро Темиров барои тавассути Каримов мусоидат намудан барои “ноқобил” ба хизмати ҳарбӣ эътироф намудани писари шаҳрванд “А” аз ӯ ба сифати пора маблағи 1150 доллар талаб намудаанд.

Сипас,  Темиров дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Каримов амал намуда 12 апрели соли 2018 аз шаҳрванд“А” дар утоқи кории худ маблағи 1000 долларро ҳамчун пора гирифта, худи ҳамон рӯз қисме аз ин маблағро ба миқдори 500 доллар ва 3700 сомониашро ба Каримов дода, аз шаҳрванд“А” боз оварда додани боқимонда 150 долларро талаб намудааст.

Дар навбати худ Карим Каримов, баъди гирифтани маблағи 500 доллар ва 3700 сомонӣ 12 апрели соли 2018 ба манфиати порадиҳанда амали муайянро иҷро намуда,  писари шаҳрванд“А”-ро аз комиссияи тиббии комиссариати ҳарбӣ гузаронида, барои аз муоинаи тиббӣ гузаштан ба Маркази клиникавии дерматологии вилояти Суғд роҳхат навишта додааст.

Баъдан Абдуғафор Темиров, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, 18 апрели соли 2018 бо шаҳрванд “А” дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрда, зимнан аз охирон қисми дигари маблағи талабнамудаашро дар ҳаҷми 1350 сомонӣ гирифтааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишоти Темиров Абдуғафор Бобоҷонович дар макони ҷиноят боздошт гардида, маблағҳои пулии 1350 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ  гирифта шуд.

Ин амал низ дар нимсолаи соли 2019 ошкор шудааст. Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Темиров ва Каримов бо моддаҳои 36 қисми 4 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Мисолҳо, таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои коррупсионӣ дар тамоми самтҳо реша давондааст. Дар масъалаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бошад, самти дигари масъала аст, ки бояд нисбати “билетбизнесҳо”-и комиссариати ҳарбӣ чораҳои бештар дида шавад.

Фарзона Муродӣ          

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner