• Бахтовар Сафаров
  • 18.05.2019
  • 1

Боғи устод Рӯдакӣ танзим мехоҳад

Дарахтони сояафкану хазонрези боғ мисли дуб, клён, каштан, ки умри панҷоҳу шастсола ва бештар доранд, як андоза намуду сатҳи боғро халалдор мекунанд. Зеро иртифои қади онҳо то 30-50 метр ва бештар аз он мерасанд ва он боиси хароб гаштани сатҳи ягонаи боғ мегардад.

Боғи устод Рӯдакӣ дар масоҳати наздик ба 20 гектар доман паҳн карда, пешорӯи он қад-қади хиёбони марказии пойтахт қариб 20 адад фаввораҳо обпошӣ мекунанд. Дар боғ наздики 200 бех дарахтони ороишию буттагӣ, 500 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз аз навъи санавбар (сосна), кедр, шоҳона, кипарис, 3 ҳазор бех дарахтони сояафкан аз зумраи дуб (булут), клён, каштан ва ғайра нашъунамо меёбанд.

Дар аввали мавсими баҳор 400 бех гули лола (тюлпан), 50 ҳазор гули садбарг ва 200 навъи гулҳои ҳархела шинонда шудааст.

Зеботарин ҷои боғ маркази он аст, гулгашти (аллеян) басо зебо ва тамошобоб аст. Гулгашт хуб оро ёфта, то Қасри миллат доман афрохтааст.

Боғи устод Рӯдакӣ яке аз боғҳои калони пойтахт ба шумор меравад ва таърихи бои бунёдӣ дорад. Он ба ҷои боғи даврони шӯравӣ, ки номи Ленинро дошт, аз нав бунёду эҳё шудааст.

Бояд тазаккур кард, ки дарахтони сояафкану хазонрези боғ мисли дуб, клён, каштан, ки умри панҷоҳу шастсола ва бештар доранд, як андоза намуду сатҳи боғро халалдор мекунанд. Зеро иртифои қади онҳо то 30-50 метр ва бештар аз он мерасанд ва он боиси хароб гаштани сатҳи ягонаи боғ мегардад. Масалан, аз хиёбони марказии пойтахт ба сӯи Қасри миллат назар афканед, ин дарахтони баландқомат қасрро панаҳ мекунанд ва он баръало дида намешавад.

Азбаски Қасри миллат ифтихори миллат аст, аз чаҳор самт бояд пурра аён бояд бошад, чуноне ки он аз самти ҷанубу ғарб хуб намудор аст ва дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарги он ба қаср ҳусну таровати тоза мебахшаду дар як сатҳи муайян қарор доранд.

Аз ин рӯ, маъмурияти боғ бояд чорае андешад, то дарахтони қоматафрохтаи самти рӯйорӯи боғро ба танзим дароварда, ба як сатҳи зарурӣ оварад.

Э. Камолзода, сокини шаҳри Душанбе

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Сафир:

    Ба ин андеша набояд рози шуд. Бог чои истирохати шахрвандон аст, соя набошад ки ба ин боги урён меояд? Бояд чунин маводи зидиэкологиро сомона нашр намекард. Дар соли рушди сайёхи нест кардан ё танзими дарахтхои чандинсола номувофик аст. Камолзода дар наздатон як пиёла чойи кабудро монда, Касримиллатро аз телевизион бинед, аз баланди хеле зебо ба навор гирифтаанд ва хамон дарахтхои боги устод Рудаки наворро боз хам чолиб намудаанд.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner