Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бохтар: На об дорем, на канализатсия кор мекунад….

Сокинони Бохтар аз бетаваҷҷуҳии масъулин шикоят мекунанд

Истиқоматкунандагони шуъбаи (участкаи)  3-юми хоҷагии ба номи Ф. Саидови н. Бохтар аз набудани ягон шароити зисту зиндагӣ дар биноҳои баландошёна шикоят мекунанд.

Ба гуфти сокинон,  барои омӯзгорони Техникуми кишоварзии ноҳия 4 бинои баландошёна сохта буданд, ки дар ибтидо тамоми инфраструктураи талаботи зист дар ин биноҳо мавҷуд буд. Яъне, бо оби гарму хунук таъмин ва зимистон бо системаи гармидиҳӣ хуҷрахо гарм мешуданд. Системаи канализатсия низ пурра фаъол буд.

Аммо солҳои охир хочагидорхо хатти лӯлаҳои таъмини гармиро бурида, айни ҳол бино ҳатто бо об таъмин нест. Системаи канализатсия низ комилан кор намекунад ва оби истифодашуда дар таҳхонаи биноҳо ҷамъ шуда, бӯйи ғализ атрофро пахш кардааст. Оби истифодашуда ҳатто то қабати якуми бино расидааст, бинобар ин сокинон дар атрофи бино хок рехтаанд, то оби ифлосро ҷабида гираду он ба берун набарояд.  Истиқоматкунандагон дар берун ба кавли худашон «водакачка» сохтаанд, ки ҳуҷраи худро тавассути он бо об таъмин намоянд.  Хомӯшак ё кӯрпашшаҳо дар атрофи бино ҷамъ шуда, зисту заиндагии сокинонро душвор кардааст.

Соли равон дар ҳамин хоҷагӣ ва маҳз дар ҳамин шуъба эпидемияи домана паҳн шудааст, ки сокинон сабаби онро ба ифлосии ин биноҳо рабт медиҳанд.

Ба гуфти истиқоматкунандагони ин бино  касе парвои онҳо нест. Ҳол он ки онҳо  пули хизматрасониҳои обу канализатсияро сари вақт месупоранд.

 Ҳукумати н. Бохтар ва роҳбарияти хоҷагии Ф. Саидов ба чунин ҳолат расидани биноҳоро чӣ гуна шарҳ медода бошанд?

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.