• Mardon
  • 19.07.2019
  • 0

Бонки миллии Тоҷикистон: Изҳороти Палатаи ҳисоб асоси воқеъӣ надорад

Бонки миллии Тоҷикистон гузориши Палатаи ҳисоби кишварро дар мавриди ошкор шудани зарари молиявӣ дар фаъолияти ин бонкро “носаҳеҳ ва ғайривоқеъӣ” арзёбӣ кард.

Дар вокуниши Бонки миллӣ, ки рӯзи 19 июл дар сомонаи ин бонк мунташир шуд, иддаои Палатаи ҳисоби кишвар оиди ошкор шудани хисороти молии Бонки миллӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ба миқдори 9,1 миллион сомонӣ нодуруст унвон шудааст.

“Маълумоти мазкур, ки дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври расмӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоб эълон шудааст, дар аксари саҳифаҳои хабаргузории давлатӣ ва ғайридавлатӣ нашр шуда, боиси ба амал омадани афкори нодуруст дар ҷомеа мегардад ва ба нуфузу эътибори Бонки миллии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад”-омадааст дар вокуниши Бонки миллӣ.

Бонки миллӣ мегӯяд, ки дар ягон санади санҷиши Палатаи ҳисоб оид ба ошкор гардидани зарари молиявӣ қайд карда нашуда ва маблағи қариб 6,2 млн. сомонӣ андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз ҷониби санҷишгарони Палатаи ҳисоб ҳамчун барқароркунии андоз ва зарари молиявӣ арзёбӣ карда шудааст.

Бонки миллӣ навиштааст: “Салоҳи кор ин аст, ки ҳолатҳои дар боло зикршуда, ки дар ягон санади санҷишии Палатаи ҳисоб расман ҳамчун зарари молиявӣ сабт нашудаанд, минбаъд дар изҳороту маълумотҳои расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда нашаванд”.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner