• Бахтовар Сафаров
  • 11.06.2019
  • 0

Боз 5 нафари дигар дар садама ҷон бохт

Дирӯз тахминан соати 06:30-дақиқа донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Насриддинов Худобахш ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори чапи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст ва дар беморхона ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. 

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 9-уми июни соли 2019, тахминан соати 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Байзоев Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи И.Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи мағозаи “Тобон”-и шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Додоев Шараф Ҷӯрабоевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳраки Курушкада ва Ҳайитов Аҳмад Назирович, соли таваллудаш 1968, сокини кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, Ҳайитов А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шаҳрванд Додоев Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамчунин рӯзи 10-уми июни соли 2019, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Эгамқулов Мансурҷон Муқимович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Саманд”, таҳти идораи ронанда Сафарова Фотима Шарифовна, соли таваллудаш 1971, соҳибкори инфиродӣ, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст. Сипас, ронандаи автомашинаи тамғаи “Саманд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Умаров Ҳошимҷон, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Саманд” Сафарова Ф.Ш. ва мусофираш Рустамов Маъруфҷон Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Тавре манбаъ зикр мекунад, дар санаи 10-уми июни соли 2019, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Леганза”, Насриддинов Худобахш Саидмуъминович, соли таваллудаш 1999, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бозори “Султони Кабир” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори чапи роҳ бархӯрда, чаппа шудааст.

Дар натиҷа, Насриддинов Х.С. ва мусофирони автомашинаи мазкур Шаҳобиддинов Салоҳиддин Саидмузаффарович, Алимаҳмадов Зиёратшоҳ Асомиддинович, Раҳматуллоев Қамариддин Зубайдуллоевич, соли таваллудашашон 2000, сокинони деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.  Шаҳрванд Насриддинов Х.С. дар бермохона ба ҳалокат расидааст. 

Инчунин, шоми рӯзи 10-уми июни соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Давлатов Амриддин Вайсиддинович, соли таваллудаш 1976, соҳибкори инфиродӣ, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Испечаки пойтахт, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №14 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Хушвахтова Малика Сафарбековна, соли таваллудаш 2018, сокини кӯчаи Испечакро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, хурдсол Хушвахтова Малика ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner