• Administrator
  • 09.10.2018
  • 0

Боз борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва  барф дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок,   борони  кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3000 м  боридани барф   дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -1-6 ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок   шуда,       дар минтақаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 1500 м боридани барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8    метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +5+10  ва рӯзона +12+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар водиҳо ва дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м  барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +3+8  ва рӯзона ба +12+17  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона +4+6 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner