• Administrator
  • 22.05.2019
  • 0

Боздошти қассобон бо гӯшти ҳаром

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 сокини ҳамин  вилоятро дастгир кардаанд. Онҳо  мақсад доштанд, барои ба даст овардани даромади муфт ба харидорони бозори Панҷшанбе гӯшти заҳролудшудаи 27 сар чорвои ҳароммурдаро ба фурӯш гузоранд.

Се гӯштфурӯши бозори Панҷшанбе Икром Ҳошимов, сокини шаҳри Хуҷанд,  Нурилло Норматов ва Муҳаммадҷон Орипов, сокинони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳ бо Эргаш Аҳадов, сокини ҷамоати деҳоти Меҳронаи ноҳия Ашт дар ҳоле дастгир шудаанд, ки онҳо мехостанд, 27 сар чорвои ҳароммурдаро аз ноҳияи Ашт ба бозори Панҷшанбеи Хуҷанд интиқол диҳанд.

 Ин ҳодиса дар рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ сурат гирифтааст.  Эргашбой Аҳадов, сокини 62-солаи ноҳияи Ашт барои харидор пайдо кардани 27 сар чорвои ҳароммурда нақши миёнравиро иҷро кардааст. Ӯ ба Икром Ҳошимов гӯштфурӯши бозори Панҷшанбеи Хуҷанд тамос гирифта, 27 сар чорвои ҳароммурдаро бо нархи аз 500 то 1000 сомонӣ пешниҳод кардааст.

Истеъмоли гӯшти заҳролудгашта, назар ба дигар намуди маҳсулот,  хавфи сироятёбиро бештар ба вуҷуд меорад. Боздошти 27 сар чорвои ҳароммурдаву заҳролудгашта, ки ин афрод мехостанд, дар моҳи Рамазон дар Панҷшанбебозор ба харидорон пешниҳод кунанд, бисёриҳоро дар ҳайрат гузошт.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner