• Mardon
  • 27.07.2019
  • 0

Бунёди 9 меҳмонхонаи муосир Душанбе


Дар зарфи ду соли оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ  шудааст. Дар назар аст, ки 4-5 сентябри соли ҷорӣ  ба сохтмони ин меҳмонхонаҳо ифтитоҳи  расмӣ бахшида мешавад.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  зимни нишасти матбуотӣ гуфт, 5 меҳмонхона дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 3-тои дигар дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 1 меҳмонхона дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд хоҳад шуд. 


Инчунин, ба гуфтаи ин манбаъ,  то охири соли равон  дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе  25 адад истгоҳҳои замонавии нақлиётии мусофирбар сохта шуда,   ҳамчунин  100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  харидорӣ мегарданд. Дар доираи маблағҳои грантии ҷудонамудаи  Чин воридоти 464 адад техникаи гуногуни коммуналӣ, инчунин 2 адад нақлиёти махсуси телевизионии сайёр ба нақша гирифта шудааст.

   «Ҳамчунин,  дар 3 соли оянда бунёди иншоот, аз  ҷумла муассисаҳои таълимӣ 21 адад барои 18 594 ҷойи нишаст, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ 74 адад, сартарошхона ва кошонаи ҳусн 24 адад, сохтмони биноҳои баландошёна 133 адад ва рангубори биноҳо 2 224 адад пешбинӣ шудааст, ки то охири соли равон  бошад Маҷмааи бисёрҷабҳаи варзишӣ воқеъ дар  рӯ ба рӯи “Боғи ба номи Умари Хайём”-и шаҳри Душанбе  мавриди истифода қарор хоҳад  гирифт», -иброз дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner