• Administrator
  • 24.12.2018
  • 0

Бунёди варзишгоҳи калонтарин дар Рӯшон

Дар маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба бунёди яке аз калонтарин варзишгоҳ дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат оғоз намуданд.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «ин варзишгоҳ 8 ҳазор ҷои нишаст дорад ва майдони футболи он ба меъёрҳои муосири ин намуди дӯстдоштаи ҷавонон мутобиқ мебошад. Дар ин ҷо барои баргузор кардани мусобиқаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ тамоми шароит муҳайё карда мешавад.  Маблағгузории варзишгоҳро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бар  уҳда дорад. Қитъаи замине, ки барои варзишгоҳ ҷудо шудааст, нокорам буда, дар канори рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст. Аз ин рӯ барои бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Инвесстрой» аввал зарур аст, ки заминро  ҳамвор ва қабати болоиашро аз сангу рег пур кунанд. Баръакси ҳол, баъди баланд шудани сатҳи дарё дар фасли тобистон фурӯравии замин аз эҳтимол дур нест. Барои  ҳамворкунӣ ва таҳкими таҳкурсии биноҳои маъмурию маишии варзишгоҳ 670 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст».

Бояд гуфт, ки соли 2010 баъди навсозӣ шумораи курсиҳои  варзишгоҳи шаҳри Хоруғ  аз  2 ҳазор то ба 5 ҳазор расонда шуд. Он то ба ҳол яке аз варзишгоҳҳои калони вилоят ба шумор меравад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner