• Mardon
  • 04.06.2019
  • 0

Чаро дар рӯзи ид рӯзадорем?

Субҳи имрӯз дар бештари кишварҳо, аз ҷумла дар маркази Ислом – Макка Иди саиди Фитр ҷашн гирифта мешавад. Русия, Қатар ва соири давлатҳои дигари исломӣ ҳам 4-уми июнро рӯзи якуми моҳи Шаъбон қабул карда, Иди Рамазонро ҷашн мегиранд. Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, алорағми хулосаи олимон як рӯз баъд, санаи 5-уми июнро ид эълон карданд.

Тақвимҳои қамарӣ, ки бузургтарин марокизи исломии ҷаҳон омода кардаанд, низ хабар медиҳанд, ки 4-уми июн рӯзи аввали моҳи Шаъбон ва Иди Саиди Фитр аст. 

Умедҷон Ҳамроев, ходими калони илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мусоҳиба ба  tajikistantimes.com гуфт, ки санаи 3-юми июн соати 13:02 моҳ нав шуд ва мувофиқи тақвими Қамарӣ моҳи Шаъбон даромад.

“Мо хулосаи худро ба Шӯрои уламо фиристодем.  Рӯзи 3-юм моҳ нав шуд, аммо мӯҳлати ғуруби он тез буд ва онро бо чашм дидан имкон надошт. Имрӯз аллакай моҳ калон аст. Аммо Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки на бар асоси илм, балки дар асоси қавонини шариат хулоса мебарорад, хулосаи моро сарфи назар карда, идро рӯзи 5-ум эълон кард. Ба ҳар ҳол Институти астрофзикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон бар он назар аст, ки санаи 4-уми июн рӯзи аввали моҳи Шаъбон аст”- гуфт, Умедҷон Ҳамроев.

Аммо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукррам Абдулқодирзода мегӯяд, ки хулосаи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди рӯзи ид дуруст аст.

“Дар баъзе давлатҳо, ки моҳ ба чашми сар дида шуд, ба монанди Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигар санаи 4-умро рӯзи ид эълон карданл, аммо дар Миср, Лубнон, Сурия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳро ба чашми сар надиданд ва идро санаи 5-ум эълон карданд. Ин ҷо ҳеҷ муаммои печидаву пӯшида нест, мувофиқи шариат то моҳ ба чашми сар дида нашавад, он қабул нест. Масалан, дар як вилояти Покистон моҳро диданд, имрӯз ид аст, дар вилояти дигар ид пагоҳ аст.”- гуфт муфтии Тоҷикистон.

Дар мавриди хулосаи олимони Институти астрофизика бошад, ҷаноби Абдулқодирзода чунин ибрози назар кард:

“Дар хулосаи Институти астрофизики санаи 3-юм тавлиди моҳ эълон шудааст, аммо онро ба чашми сар дидан имкон надошт. Баъдан дирӯз дар Тоҷикистон рӯзи борониву ҳаво гирифта буд, бинобар ин мушоҳида кардани моҳ ғайриимкон буд. Бинобар ин, мо дар асоси шариати ҳанафӣ идро санаи 5-уми июн эълон кардем, ки дуруст аст.”

Ёдовар мешавем, ки солҳои қаблӣ низ дар мавриди рӯзҳои оғоз ва анҷоми Рамазон  Шӯрои уламо бо Институти асрофизика ва рӯҳониёни дигари кишвар мухолифат дошт.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner