Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро дин тарсу тарбият мекунад?

Масъалае, ки имрӯзҳо боиси ақибмондагӣ ва камбизоатии аксар давлатҳои мусалмонӣ гардидааст, ин боварӣ доштан ба ризқи азалӣ ва ё ризқи илоҳӣ мебошад. Ин ақидаи нодуруст аксари пайравони динро қаноатпеша намуда, онҳоро аз саъю кӯшиш дар роҳи илму маърифат боздоштааст.

Масъалае, ки имрӯзҳо боиси ақибмондагӣ ва камбизоатии аксар давлатҳои мусалмонӣ гардидааст, ин боварӣ доштан ба ризқи азалӣ ва ё ризқи илоҳӣ мебошад. Ин ақидаи нодуруст аксари пайравони динро қаноатпеша намуда, онҳоро аз саъю кӯшиш дар роҳи илму маърифат боздоштааст.

Аз Мушфиқӣ ҷавоне пурсидааст: — Чӣ амале анҷом диҳам, ки ҳам дар ҷавонӣ ва ҳам дар пирӣ бароҳат зиндагӣ кунам? Мушфиқӣ дар ҷавоб мегӯяд: -То метавонӣ дар ҷавонӣ кайфу сафо кун, шароб нӯш бо гулрухон ишқварзӣ кун, мардумфиребӣ кун, ҳаққи мардум бихӯр ва чун пир шудӣ, риш мону кунҷи масҷид бигир ва тавба кун. Худо мегӯяд ку, ҳар он кӣ аз сидқ тавба кунад, бахшида мешавад. Ана, ту ҳам бо ин роҳ ҳам дар ҷавонӣ ва ҳам дар пирӣ лаззати дунёро хоҳӣ дид.

Аслан инсони диндор ва ё динмеҳвар дар тамоми ҳолат умед бар он дорад, ки подоши ҳар амали зишташ бо тоату ибодат пеши худои худ бахшида мешавад. Ӯро ҳеҷ касе гунаҳкор карда наметавонад, чунки амалаш аз рӯи гуфтаҳои Худову китобҳои осмонӣ сурат мегирад ва Худо ҳам барои чунин афрод имконият медиҳад, баъд аз гуноҳ аз сидқ тавба кун, бахшида мешавӣ!

Акнун мо инсонҳоро метавонем ба ду тоифа ҷудо намоем: якум, диндор. Дуюм, бедин (атеист).  Аз  ин ду тоифа яке (диндор)пеши худо ҷавоб медиҳад, бедин (атеист) бошад,  назди виҷдони хеш. Инсони диндор дар зиндагӣ иштибоҳи зиёд мекунад, чунки  умеди бахшоиш дорад, аммо бедин кам иштобоҳ мекунад, чун виҷдонаш бардошти иштибоҳро надорад.

Диндороне, ки умеди сад дар сади бахшоиш аз худои хеш дар подоши ҳар амалашон доранд, ин мусалмонҳо мебошанд, ки далели равшанаш дар давлатҳои исломии чун Афғонистон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Покистон ва ғайраҳо мебошад, ки бо қатлу куштор, даҳшатафканӣ ва ғорати мардум ном баровардаанд.

Аслан хусусияти аслии дин карахтӣ (догма) буда, душмани демократия ва озодии сартосарӣ мебошад (аз он ҷумла дини ислом). Ҳарчанд баъзе аз динмеҳварони исломӣ даъво мекунанд, ки сарқонуни тамоми давлатҳо бардошт аз Қуръон аст, аммо ин ақида ҳеҷ қобили қабул шуда наметавонад, чун қонунҳои илоҳӣ ҳама маҳкумкунандаи озодиҳои инсонӣ мебошанд ва ҳар он ки ба гуфтаи Худо накард, тибқи қонуни илоҳӣ гирифтори азоби дӯзах хоҳад шуд. Пас ин куҷо озодист?!

Хусусияти дигари нигаронкунандаи дин ин тарбияи тарсовар мебошад, ки дар аксар маврид мо ин тарбияро аз падар ва бузургони оила мерос мегирем. Тарс аз чӣ?! Тарс аз ҳодисаҳои табиӣ, ки сабабашро намедонем. Тарс аз фарзияҳои рӯзи ҷазо ва дӯзах, тарс аз коҳинони маъмадҳо, ки таърих гувоҳ аст, чӣ қадар инсонҳои бегуноҳро танҳо барои он ки фарзияи онҳоро қабул надоранд, нобуд карданд. Тарс аз фармонравоёне, ки мазҳабро барои нигаҳдории қудрати худ истифода мебурданд ва дигарандешонро нобуд мекарданд.

Вақте ҳар инсон дар давоми зиндагӣ ба ин фарзияҳо ошно мешавад, албатта ӯ аз рӯйи зӯромад ва яъсу ноумедӣ, барои ором кардани худ аз ин фарзияҳо истифода мебарад. Аммо аз рӯйи инсоф, агар бингарем, ин амалҳо ягон қадам моро ба Худо наздик намекунад ва худошиносии моро тасдиқ намекунад ва мо ҳамоно Худоро ношинохта боқӣ мемонем. Инсон, агар хоҳад фарзандаш равшанфикру озодандеш бошад, пас ӯро бояд аз хуруфоту тарбияи тарсовари динӣ дур нигоҳ дорад. Ба ақидаи файласуфи тоҷик Комил Бекзода, “Дин ин хуруфоти расмист ва хуруфот дини ғайрирасмӣ ва ҷавҳари ҳар ду низ иштибоҳ аст”. 

Агар кӯдакро бо роҳи қонунҳои динӣ тарбия куниву барояш як чаҳорчӯбаи динӣ созӣ,  он гоҳ ӯ ба таври автоматӣ хурофотпарасту фанати динӣ мегардад, ки чунин ашхос луқмаи тайёри ҳар гуна ташкилоту  гурӯҳҳои  ифротӣ шуда метавонад.

Яҳё Маҳмаднабиев

Шарҳ

23 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Товба кн ба и гапт 05.09.2019 14:57

    Акы хдта атеист грифтести бмр беномус

  2. Илҳомиддин 05.09.2019 15:16

    Инро касе навиштааст ун шахс бемор аст ва касонеҳам тасдиқ мекунанд уноҳам бемор ҳастанд бо инҳо сухан гуфтан бе фойида ва хатарнок аст

  3. Беном 05.09.2019 16:49

    Ба ин навиштахо чи гуфтан мехохи?

  4. Anonymous 05.09.2019 19:16

    Маводи ғайри илмӣ ва таҳқиромез.

  5. Rush Nazar 05.09.2019 19:23

    Динро бо Худошиносй набояд омехт. Инсон ба Худо эхтиечи табии дорад. Аммо вакте дин ба майдон биеяд окибати хама чиз табох мегардад

  6. Адолат пазир боши чоп кун 06.09.2019 01:28

    ИншоАллоҳ мебинем рузи қиёмат ман Алҳамдулиллоҳ ба Аллоҳ бовари дорам ба дузах ба ҷаннат бовари дорам ту касиф боши не барои ман фарқе надорад ту ки ҳасти леки ту баринаҳо миллионто буданд омаданд ва рафтанд ба гуҷо? ба назди Аллоҳ ИнШоАллоҳ во мехурам дар он дунё баъд мефаҳми Лаззати Дунё чи тавр буданашро касиф нобаодам ҳайвон Ман Намоз мехонам ба Аллоҳ бовари дорам лек ман Сурия Ироқ Афгонистон ба ҷанг намеравам ақл дорам ки ҷи дар гуҷо лекин ту борина ахмақҳо динро ҳаракат мекунетон паст занед лекин на бо гуфти мусича борон намеборад
    Аз бораи Озоди Аз Аллоҳ мепурси озоди ку ман ба ту ҷавоб диҳам касиф қавми фиръавни ту озоди ин дунё барои мо нест ин ҷо як ҷои имтиҳон асту бас барои барин инсонҳои нокасиф фоидае надорад шайтон туро чунон ғулом кардааст ки гӯё ҳар шаб туро зино мекунад
    Сомонаи Tajikistantimes эй он програмистеки ин хатро мехони заррае имон дошта боши чоп кун

  7. Anonymous 06.09.2019 01:33

    Э бар падаратон лаънат ту бевичдони бе

  8. Беном 06.09.2019 10:53

    Мушфики нагуфтааст, ки агар пир нашуда дар чавони аз олам гузашти чи??? Баьд хаму дузиву гари кайфу сафота печонда да ягончот мезанан. Ана баьд кайф мекуни

  9. Гулдаста-66 06.09.2019 11:45

    Ислом ба зоти худ надорад айбе,
    Хар айб ки хаст дар мусумонии мост…

    Дини исломро бо сиёсат омехта насозед. Дин пок асту покизагиро мепарварад…..

  10. Ҳақиқатро чоп кун 06.09.2019 14:30

    Маълум, ки хоҳарат дар пеши чашмат бо дигарон ишқ меварзад ва ту тамошо мекунию лаззат мебарӣ.

  11. Прастой 06.09.2019 18:45

    Аксари илмхо аз курон ва аз мусалмонон сарчашма мегиранд ба торих назар кунед ……. .аммо он нооромихоеро ки дар давлатхои мусулмоннишин хастанд дасти Абаркудратхо аст …….

  12. Anonymous 06.09.2019 20:13

    Бисёр бароят маттаасифам ки чи гуна аблаху ахмак хачти

  13. Тоҷик 06.09.2019 21:42

    Ҷаноби Яҳё Муҳаммаднабиев,
    Ҳайратовар ному насаби шумо,
    Дигар он ки давлатҳое ки шумо зикр кардед ва гуиё дини мубини ислом мушкилафзост.
    Агар амиқтар таҳлил мекардед шояд он шахсони бо виҷдоне ки раёсати давлатҳои абарқудратро бар ӯҳда доранд аз рӯи азоби виҷдонашон ба мамлакатҳои мусалмон нишин мудохила мекунанд?

  14. Билол 06.09.2019 23:23

    Бародар Худо хидоятат кунад. Магар ту аз Рудакиву Сино, Фирдавсию Беруни, Хофизу Хайём, Мавлавию Бедил боакалтару донотари. Агар ха ба монанди онхо як сухан бигу,агар не як бори дигар тафаккур намо.

  15. Билол 06.09.2019 23:25

    Дин тарсу тарбият намекунад. Баръакс дин мегуяд, ки ба гайр аз Худованд аз касе натарс.

  16. Anonymous 08.09.2019 12:25

    И бе ақл хдша бозори Собир фигр кадай пайрави ҳамуҳай чи ҷоша гирифтанияй ба фигрм тда хона дар наметан ланати АЛЛОҲ ба ту саги лаин

  17. Anonymous 08.09.2019 13:12

    Аввал маънии дин ва озодиро ҷустуҷӯ карда фаҳм. Шояд туро худованд ҳидоят кунад, чунки ту маълумоти кофи дар бораи дин надори.Он ХУДОВАНДЕ,ки замину осмонро офаридааст ин ҳамаро бо як танзим нигоҳ медорад, ки ақли инсон дарк намекунад ба мо мефармояд:пайрави дини Худо бошед.тафаккур кун.Ба даргоҳи он зоти пок тавба кун!!!Он зоти бахшанда ва ниҳоят меҳрубон аст.

  18. Салдать тчк 08.09.2019 19:35

    …Астагфируллох Бародар ,,калимаат,,ро аз нав гардон вагарна фурсать нахохи ёфть

  19. бобочон 08.09.2019 19:48

    ин шахс моддаи якуми конститутсияи точикистонро истифода бурда фикрашро баён кардааст ки мувофики он точикистон давлати дуняви аст

  20. Аслиддин 09.09.2019 18:45

    Ислом ба зоти худ надорад айбе ,
    Хар айб ки хаст дар мусалмонии мост.

Ваш e-mail не будет опубликован.