• Бахтовар Сафаров
  • 16.09.2019
  • 4

Чаро ман Корманди шоиста нашудам?

Ман ҳамчун омӯзгор  40 сол бе танаффус умри азизи худро сарфи таълиму тарбия намудаам. Ҳамчун зани фаъоли ҷомеа барои ободии кишвар саҳми хеш гузоштам, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Ватанро тарк накарда, барои пешрафти ҷомеа дар пойтахт адои вазифа намудам.

Соли 1993 6 нафар кӯдаки гурезаро бо либос, ҷузвдон, асбоби хониш таъмин намуда, ба мактаб ҷалб намудам, ки аз таҳсил дур намонанд. Даҳҳо маротиба дар шабакаҳои телевизионӣ баромад намудам. Барои беҳтар шудани одобу дониш зиёда аз 150 хабару мақолаҳо дар рӯзномаҳои дохилӣ  чоп карда, пешкаши омма намудаам. Аълочии маорифи ҶТ ҳастам.

Борҳо рӯзномаҳои  кишвар оид ба фаъолиятам навиштаанд, меҳнату фаъолиятам бо сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Ҳукумати ноҳияҳои  Фирдавсӣ, Сино, рӯзномаи «Омӯзгор», қадрдонӣ карда шудааст. Шабакаҳои «Ҷаҳоннамо», «Сафина» оиди фаъолиятам гузориш омода намуда, пешкаши омма гардонидаанд.

Доимо дар мавзӯи  сулҳу ваҳдат дарси худро оғоз карда, тарафдори оромию озодӣ мебошам. Пайрави Пешво буда, дар хонаам асару расмҳои Пешво, Паём барномаи кории ман аст, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки аз муқаддасоти Пешво бенасиб мондам.

Ҳуҷҷатҳоям аз тарафи Ҳукумати ноҳияи Сино, Ҳукумати шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илм барои дарёфти Медали шоиста ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ирсол гардиду то ҳол аз он  ҷавоб нашуд. Бисёр мехостам аз дасти Ҷаноби Олӣ мукофоти давлатӣ гирам. Аммо бенасиб мондам.

Фаъолияти кориамро сарвару хонандагону коллективҳои меҳнатӣ хуб медонанду шоҳиди онанд. Ба воситаи рӯзнома мехостам бидонам, ки бо кадом сабаб аз мукофоти давлатӣ маҳрум гаштам, барои ободии ҷомеа саломатиамро аз даст додам, бемор гаштам, аммо меҳнатам дар сатҳи болоӣ қадр карда нашуд.

Файзимо Алиева,  

омӯзгори собиқадор,  

Аълочии маорифи Тоҷикистон

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • хонанда:

    Шумо хамчун омузгори мардуми шоистаед ин аз хама мукофотхои расми боло аст, чавоби саволи додаатона накобед

  • Бахтиёр:

    Бигзор шоистаи тахсину хамди мардум бошен наинки унвони олиро аз пасаш рафтан

  • Махваш:

    Озурда нагардед. Замона чунин шудааст. Шахсиятхои касбу корашон номаълум кадрдони мешаванду, фидоиёни соха ба гушаи фаромуши мераванд.

  • бобочон:

    файзимои азиз медонед ки дар точикистон омузгор чанд хазор ба хамаи онхо медал додан мушкил аст ё боз аз хитой карз гирем вазир гирифт харчанд вазораташ дар фасод ном баровардааст ноумед нашавед ноумед шайтон

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner