Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро мансабдорон дастури Президентро иҷро намекунанд?

Чанде пеш Президенти мамлакат дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо кормандони соҳаи саноат вохӯрӣ баргузор намуданд. Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа, дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои навтарин, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ мебошад.

Дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз масъулони соҳа ва соҳибкорон вобаста мебошад. “Бинобар ин, зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ тарзу усули корбарӣ ва роҳҳои амалигардонии сиёсати саноатии мамлакат дигар карда шаванд”-таъкид доштанд Президенти мамлакат. Президент чиро дар назар доштанд?

Ҳоло ман дар бораи яке аз ин мушкилиҳои ҳалталаб гуфта мегузарам. Пеш аз ҳама, мутаассифона, ба ҳолатҳое  ҳам вомехӯрем, ки супоришҳои он кас бо айби баъзе мансабдорон иҷро намешаванд, ҳоло он ки маҳз онҳо бояд ба рушди соҳибкорӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани сокинон бо ашёи арзони маҳаллӣ  ва сохтани ҷойҳои нави корӣ барои онҳо  манфиатдор бошанд.  

Моҳи ноябри соли 2018 ба мо 9 нафар соҳибкорон иҷозат дода шуд, ки дар мавзеи назди кинотеатри Зебунисо корхонаҳои истеҳсолӣ  ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти кишвар  созем. Дар байни ин нуҳ нафар  танҳо ман зан ҳастам. Ҳарчанд қабл аз ин ҳам ба соҳибкорӣ машғул будам, дар асоси қонуни соли 2015 ман  ширкати “Шаҳзода”-ро ташкил кардам. Тавре гуфтам ман аз соли 2003 инҷониб ба соҳибкорӣ машғул будам ва ҳамеша дар асоси кредит фаъолият намуда будаму қарзҳоямро сари вақт баргардонидаам.

Яъне ,дар сохтмони корхона ва ташкили кор таҷрибаи калон  ва аз ҳама муҳим, ба худ боварӣ доштаму дорам. Санги асоси корхонаи моро дар километри ҳафтум, дар назди кинотеатри “Зебунисо”  маҳз Ҷаноби Олӣ гузошта буданд ва ба сохторҳои бонкӣ супориш доданд, ки ба мо қарзҳои имтиёзнок диҳанд ва бар замми ин, бояд  сохтмонро пеша аз муҳлат, яъне сентябри соли 2019 бояд ба истифода диҳем. Он гоҳ дар ҷои ноободи пешина бояд як фабрикаи дӯзандагӣ  сохта мешуд, ки дар он камаш 200 нафар фаъолият мекарданд. 

Сафаргул Шарифова, соҳибкор

Мо — соҳибкороне, ки дар ин ҷо бояд ба сохтмон оғоз менамудем,  аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ маблағ қарз мегирифтем.  Он вақт собиқ  вазири  саноат гуфта буданд, ки чун муҳлат кӯтоҳ карда шуд, (Президент муҳлати сохтмонро ҳамагӣ як сол муқаррар намуданд) бояд ҳамаи соҳибкорон ба фонд муроҷиат намоянд ва дар ин ҳолат фонд аз иҷрои уҳададориҳои худ баромад наметавонад. Ман барои гирифтани кредит ба  Шӯрои ин фонд муроҷиат намудам, аммо… онҳо  барои додани қарзи имтиёзнок талабамро рад намуданд. Ман дар он ҷо гуфтам,ки ман аз уҳдаи иҷрои ин супориши Президент ба хубӣ мебароям ва бояд супориши он касро иҷро кунам. Аммо аъзоёни Шӯрои ин фонд ба такрор механданду  бо истеҳзо мегуфтанд,ки  “шумо аз ӯҳдаи ин кор намебароед ва бояд аз ин кор даст кашед”.

Ҳол он ки ман қудрат ва қобилияти ин корро дорам ва то имрӯз бо маблағи зиёд 70-80 ҳазор сомонӣ ҳуҷҷатгузории сохтмони корхонаамро, ки бояд ба истеҳсоли либосҳои замонавӣ сар мекард ва дар он 200 нафар соҳиби ҷои корӣ мешуданд, алҳол котлованаш канда шуд, ба анҷои расонидаам. Аллакай корхонаҳои хориҷӣ ба моле, ки мо тавассути фабрикаи худ истеҳсол  карданием, таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд ва ҳатто байни  мо ва баъзеи онҳо  гуфтугузорҳо  сурат гирифтанд.  Боварӣ дорам,ки корхонаи мо агар ба кор дарояд, дар як муддати кӯтоҳ ҳам қарзҳои худро бармегардонаду ҳам барои буҷаи кишвар ва мардум фоидаи зиёд меорад. Аммо чӣ хеле ки мебинед,  на ҳама  ғами мардуму  ғами кишварро мехӯранд. Танҳо Сарвари давлатамон ба мо боварӣ доранд, аммо чиновникҳои мо бо сабабҳои барои ман номаълум садди роҳи соҳибкорӣ ва пешарафти кишвар мегарданд.

Ба ман, ҳамчун як соҳибкорзане, ки аз иҷрои ин кор мебароям ва ба худ боварӣ дорам, маблағи кредитӣ намедиҳанд ва беасос мегӯянд,ки бояд гарави калон гузорам. Ҳарчанд ки ман ба худ боварӣ дорам, аммо барои иҷрои ин шарти онҳо  ду — се хонаеро, ки доштам, ҳамчун гарав пешниҳод намудам. Бовар кунед, онҳо як хонаи сехонагиро ҳамагӣ сею панҷ ҳазор доллар баҳогузорӣ карданд, ки аз нархи бозор ду маротиба камтар аст.

То ин дам  танҳо аз нӯҳ нафаре,ки дар ин минтақа бояд корхонаҳои саноатӣ созанд, барои як нафар  маблағи 100 ҳазор доллар маблағ  дода шудаасту халос. Ман бо боварӣ мегӯям,ки сари мо — соҳибкорон вақтҳои охир фишори баландро эҳсос мекунанд.

 Ба тиҷорату соҳибкории ман  фишор оварда ,ҳамарӯза тафтиш мекунанд ва ман бо боварӣ мегӯям, ки агар як қонуншиканӣ ёбед, ман барои он дар назди қонун ҷавоб медиҳам. Ҳол он ки ман ҳамасола андози калон месупорам ва ҳамаи андозҳоро дар вақташ супорида омадаам.

Албатта,  ман мехостам ки ин корхонаро бе истифода аз қарз ба анҷом расонам, аммо, мутаассифона,  маблағҳои зиёде барои андоз, барои об, барои барқ ва моҳонаи кормандони худ сарф мекунам ва барои сарфа гуфтан мукин аст,ки ягон маблағ намемонад.

Аммо ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки аз уҳдаи ин кор мебароям ва бо ҳамин роҳ ҳам супориши Ҷаноби Олиро иҷро мекунаму ба Ватану халқам хизмат менамоям. Ҳайронам, ки чаро Роҳбари давлат ба мо — соҳибкорон боварӣ доранду чанд чиновник аз кабинети худ истода, тақдир мо ва баробари мо даҳҳо нафар корҷӯёнро ҳал мекунанд ва бо ҳамин роҳ Ватанамонро аз даромади бештар маҳрум месозад?

Бигзор шаҳрвандони мо барои худ дар ин корхона ҷои кор ёбанду мусофир нашаванд ва бигзор моли истеҳсолнамудаи мо ба хориҷ аз кишвар равад ва имиҷи байналмилалии  Тоҷикистон ҳамчун кишвари саноатӣ ва рақобатпазир афзояд. Аммо тавре мебинед, барои иҷрои ин орзуи мо сангҳо сари роҳ хеле зиёданд…

Сафаргул Шарифова, соҳибкор

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.