• Mardon
  • 10.05.2019
  • 0

Чаро нақшаи андоз иҷро намешавад? Нигаронии Президенти кишвар аз фаъолияти ин ниҳод

Тайи солҳои охир иҷрои нақшаи воридоти андозҳо аз ҳисоби андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо) таъмин нашудааст.

Ин нуктаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 10-уми май дар мулоқот намояндагони бахшҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар изҳор кард. 

Дар натиҷа,  аз ин ҳисоб ба буҷет 860 миллион сомонӣ ворид нагардида, ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо дар миқёси кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2019 726 миллион сомониро ташкил додааст. Ба таъкиди Президент сабаби асосии чунин ҳолат, аз ҷумла номукаммал будани низоми ояндабинӣ ва банақшагирӣ дар ин самт мебошад.

Бинобар ин, ба  Вазорати молия ва Кумитаи андоз  дастур дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро дар самти такмил додани раванди таҳлили имкониятҳои мавҷудаи минтақаҳо ва корхонаҳои фаъолияткунанда, ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз, пешгирӣ кардани афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ба ин васила кам кардани таъсири омили инсонӣ, бештар ва беҳтар ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон ба таври доимӣ тақвият бахшанд.

Илова бар ин, Кумитаи андоз бояд ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти маъмурикунонии андоз ва баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ, такмили ихтисоси кормандони худ, ба тариқи озмун интихоб ва ҷобаҷогузорӣ намудани кадрҳои сатҳи касбияташон баланд тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин, дар мулоқот Пешвои миллат зикр доштанд, ки масъулини мақомоти андоз барои иҷрои нақшаи пешбинигардидаи андоз шаклҳои гуногуни назоратро нисбат ба субъектҳои хоҷагидор ба анҷом мерасонанд, ки хислати санҷиш ва ҳатто дахолатро доранд.

Дар натиҷаи чунин амалҳо ҳаҷми истеҳсол, гардиши тиҷоратии корхонаҳо ва мутаносибан ҳаҷми пардохти андози онҳо коҳиш меёбад.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз баъзе санҷишгарон даромаду хароҷоти воқеӣ, ҳуҷҷатҳои ибтидоии андозсупорандагонро ба инобат нагирифта, маблағҳои барилова ҳисобшавандаро зиёд нишон медиҳанд, ки ин боиси шикояти андозсупорандагон мегардад.

“Сабаби чунин камбудӣ, агар аз як тараф нокифоя будани дониши касбии санҷишгарон бошад, аз ҷониби дигар, дидаву дониста зиёд нишон додани андозҳои ҳисобшаванда ҷиҳати ба таври сунъӣ беҳтар нишон додани натиҷаҳои кор ва бо ҳар роҳу восита иҷро кардани нақша мебошад”-таъқид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби кормандони андоз назорати камералӣ низ бо вайронкунии талаботи қонун, бидуни таҳлили хавфҳо ва имтиёзҳои пешниҳодгардида гузаронида шуда, ба зиммаи андозсупорандагон уҳдадориҳои беасоси пардохтҳои зиёдатӣ вогузор карда мешаванд.

Дар зарфи даҳ соли охир мақомоти прокуратура нисбат ба 300 нафар кормандони мақомоти андоз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва бо қарору пешниҳоди прокурорҳо 2181 нафар кормандон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбат ба 25 нафар кормандони мақомоти андоз барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ, қаллобӣ, гирифтани пора ва дигар ҷиноятҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар 10 соли охир аз 758 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 106 миллион сомонӣ ба Кумитаи андоз ва сохторҳои зертобеи он баробар омадааст.

Ба Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода шуд, ки доир ба пешгирӣ кардани амалҳои қонунвайронкунӣ ва коррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз, риояи муқаррароти қонунгузории кишвар дар бораи мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти андозбандӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner