Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро оилаҳо аз ҳам мепошанд?

   Дар Тоҷикистон раванди ҷудошавии оилаҳо рў ба афзоиш аст. Дар ин хусус ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд дархосту пешниҳодҳо намудем, аммо ин сохторҳо ҳамоно хомӯшанд.

Дар маҳаллаи ҳамшафати мо ҷавонеро медонам, ки дар 26 — солагиаш аллакай аз зани шашум ҷудо шуда, ҳоло боз арӯс кофта гаштааст. Бо пойдорию мустаҳкамшавии оилаҳо ба ҳалли мусбии чандин омилҳои манфӣ асос гузошта хоҳад шуд. Аввалан сиҳатию беҳдоштӣ, сатҳи мусбии равонии ҳар ду тараф ҳифз мегардад. Сониян, ятимшавии кӯдакон, бесоҳибу бетарбия, бедонишу бемаърифат мондани онҳо, афзудани ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон коҳиш меёбад. Инчунин, ба  раванди боло рафтани фоҳишагарӣ хотима гузошта хоҳад шуд.

                Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо кадомҳоянд?

1. Паст будани маърифати оиладорӣ ва ба зиндагии мустақилона омода набудани ҷавонон.

2.Камбизоатӣ, қашшоқӣ, дастрасӣ надоштани оилаҳои ҷавон ба неъматҳои беҳдошти зиндагӣ.

3.Таъсири омилҳои беруна, яъне хусуру хушдоман, апаю хоҳарони домод, дугонаю рафиқони зану шавҳар.

 4. Набудани фишангҳои таъсиррасонӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат, яъне набудани шартномаи вазифаю амалкарди ҳар ду ҷониб, ҷаримабандии шахсияти ташаббускори ҷудошавӣ.

                Ин омилҳоеанд, ки  вакилони мо, ҷомеашиносон, зиёиён, ходимони дин сари онҳо хулосаю натиҷабарорӣ карда, роҳҳои ҳалли мусбии ин қазияро ёбанд, нишон диҳанд, дастуру таклифҳо пешниҳод кунанд.

                Ба андешаи мо низ, хеле хуб мебуд, ки пеш аз ҳама, волидон аз хурдӣ фарзандонашонро ба зиндагии мустақилона омода созанд. Шартномаи  зану шавҳарӣ баста шуда, дар сурати аз тарафи мақомотҳои бо оила сарукордошта, аз ҷониби суд гунаҳкор эътироф гардидани яке аз тарафҳо ў бояд, масалан гӯем, ба зан ё шавҳар 50 ҳазор сомонӣ пардохт намояд. Ба  аз нав оила барпокунии шахси гунаҳкори вайроншавии оила то 2 ё 3 сол иҷозат дода нашавад, яъне давраи аз нав ислоҳшавӣ ё муҳлати фосилавӣ дода шавад. Ҳеҷ гоҳ фарзандон бо қарори суд ба шахси гунаҳкори вайроншавии оила дода, вогузор нагарданд. Ин кӯдакон ба тарбияю  нигоҳбонии интернатҳо фаро гирифта, шахси гунаҳкори пошхӯрии оила ҳар сол ба ҳисоби ин интернат ё буҷети маҳаллӣ 2 – 3 ҳазор сомонӣ дар шакли ҷарима пардохт намояд.

Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.