Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Тоҷикистон аз ҳама табақаи беқадр касби муаллимист. Чун ӯ ба ивази 18 соат дарс агар дараҷаи олӣ дошта бошад, ҳамагӣ 823  сомонӣ маош мегирад.

Бечора маҷбур аст дар сари замин боз ба деҳқонӣ, дар кӯҳ ба ҳезумкашӣ, дар бозор ба нону ҷуворифурӯшӣ даст занад. Аз куҷо ӯ барои рӯзномаю маҷалла, китобхонӣ, омодашавӣ ба дарсҳои пагоҳ, тарбияи фарзандони худаш вақт меёбад?

Дар 2-3 сол  10-15 фоиз ба маошаш зам мешавад лекин ҳар сол арзиши барқ, об, хизматҳои коммуналӣ, озуқаворӣ 5-7 фоизӣ боло мераванд. Як худи гӯштро бинед, ки аз 30 сомонии соли 2013 имрӯз ба 50-60 сомонӣ хез задааст.

Оё аз маъракаҳои сермасрафу дурӯғини идҳои кадую асал, шалғаму юғу сипар беҳтар нест, ки маблағҳои буҷетиро ба ҳаво чошу пош надиҳему як ставкаи муаллимро ақаллан 2 ё 3 ҳазор сомонӣ кунем? Ӯзбекистони ҳамсоя аз мо чӣ бартарӣ дорад, ки маоши омӯзгорро 1000 доллар (10 ҳазор сомонӣ) муқаррар мекунаду боз имтиёзҳои зиёде медиҳад.

Акнун тасаввур кунед, ки бо 627-823 маошаш омӯзгори тоҷик дар як моҳ чи тавр зиндагӣ мекунад: як халта орд-220 сомонӣ, 1 балон газ-80 сомонӣ, 5 кило пиёз-15 сомонӣ, 5 кило картошка- 15 сомонӣ,1 кило биринҷ- 10 сомонӣ, 5 кило равған-53 сомонӣ, 10 қуттии гӯгирд-1 сомонӣ, 3 кило намак- 3 сомонӣ, пули барқ- 150 сомонӣ, пули об- 30 сомонӣ, хизматҳои коммуналӣ- 50 сомонӣ, андози замину амвол- 60 сомонӣ, агар дар деҳот зиндагӣ кунад 200-300 сомонӣ барои ҳезум, 20-30 сомонӣ солярка.

Ҷамъи инҳо 904 сомонӣ мешавад. Агар омӯзгор категорияи се дошта ё надошта бошад, бо 627 сомонӣ сарашро ба куҷо мезанад? Дигар барои сарулибос, пойафзоли хонавода, сару риштарошӣ, атр, кино, консерт ба маъракае рафтан, обуна ба рӯзномаю маҷалла, китобхарӣ, қаламхарӣ аз куҷо маблағ дастрас кунад? Ягона имтиёзе, ки омӯзгори тоҷик дорад ин ҳамон додани як қитъаи хонасозӣ ҳаст, ки бештари вақт ҳамонро низ мансабдорон намедиҳанд.

Мебояд адолати иҷтимоиро барқарор кард ва ба мисли Туркияву Эрон, Ӯзбекистону Латвия, Литва маоши  баландтарин ба омӯзгор бо имтиёзҳои иловагӣ дода шавад.

Дарвоқеъ, чаро дар ҷумҳуриҳои пасошӯравии Эстония маоши омӯзгор- 1848 доллар, дар Литва- 1687, Латвия- 1200, Ӯзбекистон- 1000 дар Тоҷикистон 85 доллар аст?

Нурулло Ҳасанов,

рӯзноманигор

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Мурот Нарзиев 29.11.2019 16:59

    Аз Сарвазири Ҷопон пурсидаанд, ки шумо чи тавр ба чунин тарақиёт расидаед?
    Гуфтааст: ба муаллим маоши вазирро муқаррар кардем, амнияташро ба дипломатҳо баробар карде ва этиромашро чун императори мамлакат .

Ваш e-mail не будет опубликован.