• Mardon
  • 12.09.2019
  • 0

Чаро шаҳринавиҳо дар як қабристон намеғунҷанд?

Маҳалгароӣ дар Чузӣ, ки аз қавмияту миллатҳои гуногуни гӯшаву канори Тоҷикистон таркиб ёфтааст,  аз мушкилоти   нигароникунанда масҳуб мешавад.  Бо вуҷуди дар як дину мазҳаб ва сокини як ҷамоату ноҳия ва шаҳрванди як кишвар буданашон, ба истилоҳ, “хунашон дар як дег намеҷӯшад”-у мурдагонашон ҳам дар як қабристон “созиш” намекунанд. Аз ин рӯ, гӯристонҳояшонро ҷудо сохтаанду мурдагонашонро паси деворҳои баланди маҳалгароиву қавмпарастӣ кашидаанд, то қавму миллаташон ба ҳам махлут нагардаду “хунашон вайрон нашавад”.

 Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” , шароити нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо муайян ва масъулияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин соҳа муқаррар шудааст ва ин ба ҳама гуна тафриқаандозиву тафовутгузорӣ дар қабристонҳо бояд нуқта гузорад.

Дар Чузӣ 5 қабристон ҳаст, ки дар камтарин фосилаи байниҳамдигарӣ қарор доранд… Яъне, маҳалгароиву қавмпарастии мо – зиндагон, то ҳаддест, ки ҳатто мурдагону фавтидагонамонро низ ба қавму маҳал ва миллату нажод ҷудо намудаем. Масалан, дар Чузӣ (ҷамоат) “таҳҷоиҳо” (мардуми бумӣ ва онҳое, ки иддаои нахустомадагон ба Чузиро доранд), омадаҳо аз дигар манотиқи кишвар, ӯзбекҳо ва ғайра иқомат доранд, ки намояндагони ҳар қавму хонавода ва маҳаллу миллатҳо мурдагонашонро дар гӯристони, ба истилоҳи худашон “худӣ”, дафн мекунанд ва имкон надорад “таҳҷоӣ”»-е дар гӯристони “омада”-ҳо дафн карда шавад ё “омада”-е дар гӯристони “таҳҷоӣ”-ҳо ба хок супорида шавад ва ё баръакс ӯзбеке дар қабристони ду қавмияти мазбур гӯронида шавад.  Чаро?  Масъулин чунон саргарми хешанд, ки барои ёфтани ҷавоб ба чунин “аломатҳои савол” на вақт доранду на…

Ҳангоми назарпурсӣ ва баррасии мавзӯи мазкур баъзеҳо ҳайрон мешуданду китф дар ҳам мекашиданд, баъзеҳо бисёрқабристониро амали номашрӯъ хонда, якқабристониро афзал медонанд ва баъзеҳои дигар эрод гирифта, як шудани қабристонҳоро омили ба вуҷуд омадани норозигии қавмиятҳову хонаводаҳо ва сар задани ҷанҷолу задухӯрдҳо нишон медиҳанд.

Аз ин андешаҳои қавмпарастонаву маҳалгароёна  муттаҳайиру шигифтзада шудем. Магар бад аст, ки агар Ҳукумати ноҳияи Шаҳринав ва ҷамоати деҳоти Чузӣ замине ҷудо созанду тамоми қавму миллатҳо, эшонҳову омиҳо ва ғайраву ғайраҳо фавтидагонашонро дар як гӯристон паҳлӯи ҳам гӯронанд. Рӯзҳои иду маросимҳои дафн ҳама дастаҷамъона ба як гӯристон раванду баъди хатми дуою фотиҳа аз як гӯристон хориҷ шаванд. Чунки маҳалгароӣ нисбати мурдагон ва ба қавм, хонавода, маҳал ва миллат ҷудо кардани гӯристонҳо ҳиссу андешаи сепаратизми қавмию миллиро дар ҳушу зеҳни насли наврас тавлид кардаву ба қолиб медарорад ва оҳиста-оҳиста онро рушд дода, месабзонад.

Масалан, дар ҷанозае нафаре дар мавзӯи мазбур андешаронӣ карда, иброз дошт, ки фалонӣ – ҳамсояамон аз дунё гузашт, ман гумон кардам, ки чузичист, аммо баъди ҷаноза ӯро дар гӯристони ӯзбекҳо гӯрониданд. Ҳамсояи дигарам низ фавтид ва ман низ дар ҳамин гумон будам, ки чузист, аммо баъди ҷаноза ӯро дар мазори ғармиҳо ба хок супориданд. Дар охир савганд ёд кард, ки то фавт ва ба гӯристон рафтан ман намедонистам, ки ҳамсоягонам яке ғармисту дигаре ӯзбек.

Дар ҳақиқат, ба кадом қавму миллат тааллуқ доштани сокинони Чузиро, ба истилоҳ, танҳо дар маргу мурда донистан имкон дорад. Ҳарчанд дар забону гӯиши онҳо баъзе тафовутҳои ҷузъӣ мушоҳида шавад ҳам, дар умум фарқияти чашмрасе ба мушоҳида намерасад.

Шак надорем, ки навиштаву баррасиҳои банда баъзеҳоро нороҳату ноором карда, ба “иззати нафсашон” мерасад… Вале чӣ гунае ки Саъдии бузургвор фармудааст: “Ҳақ аз баҳри ботил нашояд нуҳуфт…”. Агар мабодо афроде аз навишта ва баррасиҳои банда малоли хотир шаванду ранҷанд, метавонанд болои чанд “аломати савол”-е,  ки манзурашон мегардад, дурусттар диққат намоянду сар ба гиребони тафаккур кашанд.

Шояд посухи худро дармеёбанду ба суолоти мо низ ҷавоб мегӯянд: Бо вуҷуди тоҷику ӯзбек, “омада”-у “таҳҷоӣ” ва “эшон”-у “раис” будан, магар мо дар як дину мазҳаб нестем? Оё зери сақфи як масҷиди ҷомеъ ва аз паси як имомхатиб намози ҷумъа ва идайнро бо ҷамоат адо намекунем? Оё мо сокини як ҷамоату ноҳия нестем? Оё мо шаҳрванди як давлату кишвар нестем? Оё мо бо ҳамдигарӣ  ҳамсоя нестем? Оё дар маъракаву маросими сӯг ва сури ҳамдигарӣ ширкат намеварзем? Агар посух “оре” бошад, пас чаро мурдагонамонро ба қавму миллатҳо табақабандӣ намуда, гӯристонҳоямонро ҷудо месозем??? Сабаб чист? Кӣ моро ба чунин корҳо водор месозад? Ғурурамон ё ифтихорамон? Дар як қабристон гӯронидан магар мусибату гуноҳ аст? Аз бисёрии гӯристонҳову табақабандии онҳо чӣ манфиат аст ва барои кист?

Шавоҳиду таҷрибаҳо далолат бар он мекунанд, ки дар Чузӣ ҳанӯз ҳам худшиносии миллӣ ба таври шояду бояд шакл нагирифтааст. Яъне, бо вуҷуди сокини як ҷамоату деҳ будан, шаҳрвандии як кишварро доштан ва ба як дину мазҳаб пайравӣ кардани сокинони Чузӣ ҳанӯз ҳам мисли асрҳои гузашта анъанаи ҳамонҳоеро идома дода, пайравӣ карда истодаанд, ки танҳо зодгоҳро ватан медонистанду Ватанро ба маънии пурраву воқеияш дарку фаҳм накарда, мардумро ба кӯлобиву ғармӣ, ҳисориву хуҷандӣ, чустиву самарқандӣ ва ғайра ҷудо мекарданду зиндаву мурдаҳоро паси деворҳои баланди маҳалгароиву қавмпарастӣ мекашанд…

Масъудҷон Халиков,

сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Чузӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner