• Усмон НИЁЗОВ
  • 13.01.2017
  • 0

Чин дар Тоҷикистон Эрону Россияро танг мекунад?

Сол  ба сол  маблағгузории Чин ба рушди иқтисоди Тоҷикистон зиёдтар мегардад.  Танҳо давоми 9 моҳи соли сипаришуда аз тарафи ин кишвар ба Тоҷикистон   $429,4 млн. сармоя ворид  шудааст, ки нисбати дигар мамлакатҳо ин рақам чандин маротиба бештар аст. Дар зинаҳои баъдӣ Россия, Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир, Амрикову Белгия қарор гирифтаанд. Аммо номи Эрон, ки қаблан барои Тоҷикистон яке аз шарикони боэътимод унвон мешуду чандин лоиҳаҳо, аз ҷумла нақби «Истиқлол», НБО –и «Сангтӯда-2» -ро  ин кишвар мавриди истифода қарор додааст, дида намешавад.  

Аз рӯйи маълумоти расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  сармояи Чин ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, омӯзиши геологӣ ва истихроҷ, саноати сохтмонӣ, истиҳроҷ ва  истеҳсоли маҳсулоти нафту газ, кишоварзии Тоҷикистон равона шудааст.  Сармояи хориҷӣ бештар ба шаҳри Душанбе  –  50,1 % (228,6 млн. доллар.),  вилояти Суғд – 15,0 % (68,3 млн. доллар.), вилояти Хатлон –31,6% (144,2 млн. доллар.), Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 3% (13,7 млн. доллар.) ва ба  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад – 0,3% (1,5 млн. доллар.  равона гардидааст.

Маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои зерин маблағгузорӣ шуда истодаанд: Бонки Осиёгии Рушд-$785,4 млн. (27,9%-и маблағи умумии портфел), Ҷумҳурии Халқии Хитой –$544,9 млн. (19,4%), Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд –$362,5 млн. (12,9%), Бонки Умумиҷаҳонӣ –$353,8 млн. (12,6%), Бонки Исломии Рушд –$191,7 млн. (6,8%), Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ –$89,1 млн.  (3,2%), Фонди Саудии Рушд – $57,5 млн. (2,1%), Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ – $46,4 млн. (1,7%), дигар созмонҳои байналмилалӣ (давлатҳои донор) – $209,7 млн. (7,5%), саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – $148,7 млн. (5,3%) ва дигар сарчашмаҳо (саҳми корхонаҳои давлатии ватанӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо ва ғ.) – $23,2 млн. (0,8%) мебошад.

Вале аён аст, ки асосан лоиҳа  ва маблағҳои инвеститсионие, ки аз ҷониби Ҳукумат ва сармоягузорони хориҷӣ ҷудо мешаванд, беш аз 50 фисадашон  ба соҳаи  нақлиёт равона мегардад. Боқимонда ба соҳаҳои энергетика, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ сарф мешаванд. Дар ҳамаи ин бахшҳо Чин маблағгузории бештар мекунад. Суоли матраҳ ин аст, ки ин қадар муҳаббати Чин ба Тоҷикистон чист? Коршиносони масоили иқтисодӣ  таваҷҷуҳи  Чинро  барои ворид кардани сармоя  ба иқтисоди Тоҷикистон  аз худ кардани бозори Тоҷикистон медонанд. Чунки минтақаи  Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ бой буда, давлатҳои зиёде мехоҳанд, ки аз он истифода баранд.

Назарсанҷии Институти шарқшиносии  Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки охири соли 2016 ҷамъбаст ва расонаӣ гардид, маълум мешавад баҳои мардуми кишвар ба Чин мусбист. Агар соли 2008 танҳо 8 фоизи  мардум Чинро як шарики боманфиати Тоҷикистон ном бурда бошанд, пас соли 2016 ин рақам ба 12,5 фоиз расидааст. Барои муқоиса, нуҳ сол пеш 89 фоиз Россияро ба унвони кишвари таъсиргузор ба Тоҷикистон ном мебурданд. Аммо  соли 2016 ин рақам 12 фоиз коҳиш ёфтааст. Мавқеи Эрон ҳам аз 9 фоизи соли 2008 то ба 5,3 фоиз поин рафт. Ба назари таҳлилгарони тоҷик,  далели ин тағйирот дар мавқеи афзояндаи Чин дар иқтисоди кишвар ва ҳам шеваи хоси робитаҳои сиёсии ин давлат бо шариконаш мебошад.  Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳамкориҳои ду кишвар баъди он вусъат ёфт, ки ҷонибҳо барои ҳалли масоили баҳсии марзӣ мувофиқа ҳосил карда, соли 2013 дар ҷараёни дидори расмии президентҳои Чину Тоҷикистон тарафҳо Эъломияи муштарак дар мавриди шарикии стратегӣ имзо гардид. Дар солҳои охир ин ҳамсояи бузургу таъсиргузор дар  баробари ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ҳамкориҳои низомиро низ бо Тоҷикистон равнақ медиҳад. Чин борҳост, ки дар якҷоягӣ бо нерӯҳои низомии Тоҷикистон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ низ  анҷом медиҳад. Дар  марзи Афғонистон бошад, барои Тоҷикистон дидбонгоҳи сарҳадии «Гулхан»-ро сохт. Аз ин ҷост, ки ҳифзи  марзу амнияти сарҳадҳои Тоҷикистону Афғонистон дар баробари Россия ва дигар кишварҳои ҳамҷавор Чинро низ бетараф гузошта наметавонад.

Ба андешаи коршиносон, ҳадафи аслии Чин аз тавсеаи ҳузураш дар иқтисоди Тоҷикистон – тақвияти нуфузи сиёсиву иқтисодиаш аст. Муллоҷонов мегӯяд: «Мақсади асосӣ аз ин сармояҳо танҳо фоидаи иқтисодӣ нест. Чин барои пайдо кардани бозор барои молу маҳсулоташ ҳаракат мекунад. Чин талош дорад аз тариқи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ворид кардани сармояи зиёд ба иқтисоди Тоҷикистон нуфузи худро дар ин кишвар боло барад».

Шарти аслии сармояи хориҷӣ  ба Тоҷикистон кадом аст?  Инро коршиносони соҳа ба вазъ ва имкониятҳои кишвар арзёбӣ мекунанд. Зеро  сармоя ба ҳамон давлате роҳ меёбад, ки он ҷо фазои соҳибкорӣ муътадил ва ба сармоягузор сабукиҳо дода мешавад. Аммо, давлате, ки нотинҷ ва пайваста ҷанг аст, интизори роҳ ёфтани сармоя нахоҳад шуд. Агар вазъияти сиёсиву иҷтимоии давлат ором бошад, пулдорони хориҷӣ, бешубҳа, сармоя ворид мекунанд. Шарти  дигар он аст, ки ҳаракати озоди сармояро ба кишвар  маҳдуд насозем.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner