Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чинор Имомов қаҳрамони эътирофнашудаи Тоҷикистон

Имсол ба зодрӯзи Чинор Имомов, ки яке аз роҳбарон ва фаъолони ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ дар солҳои 1920 – 1930 – ум, фарзанди ҷоннисор ва содиқи Ватан, оне, ки дар он рӯзгори пурошӯб ва оғози таҳаввулот дар ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шамъ сӯхтаю ба дигарон рӯшноӣ бахшидааст, 121 сол пур шуд.

Зиндагӣ ва кору пайкори ин шахсияти сиёсии кишвар, ки номаш дар саҳифаҳои таърих ва сарчашмаҳои дигар ҳамвора дар канори номи фарзандони дигари ба номи тоҷик, монанди Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум қарор дорад, ки саросар ибратомӯз ва омӯхтанӣ аст. Ҳаётест пур аз талошу такопӯ… Вале умрест, ки дар як чашмзанӣ чун бод биёиву чун барқ биравӣ! Оре, Чинор Имомов ҳарчанд умри тӯлоние надидааст, вале дар муддати ин умри кӯтоҳи худ корҳои бузургеро ба сомон расонидааст.

Асри ХХ барои мардуми Осиёи Миёна, бахусус миллати тоҷик, давраи ҳассос ба ҳисоб мерафт. Чунки дар ин давра касе, ки тавонист, саҳми худро соҳиб шуд. Миллати азияткашидаи мо дар ин давра бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Аммо фарзандони бонангу номус ва шарафмандаш нагузоштанд, ки ин миллати қадимӣ аз марзи Осиёи Миёна бенасиб монад. Фарзандони барӯманди миллати тоҷик чун Чинор Имомов, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нусратуллои Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Бобоҷон Ғафурову даҳҳо нафари дигар мисоли равшани муборизони роҳи ҳақ ҳастанд. Ин абармардон то лаҳзаҳои охирини нафас барои миллат хизмати шоиста анҷом доданд. Ин шахсиятҳо тавонистанд, алайҳи пантуркистон ва дигар душманони миллати тоҷик, ки нобудии ин миллатро мехостанд, мисли сипар истодагарӣ карда, барои дифоъ ҳатто ҷони худро дареғ надоштанд. Яке аз ин фарзандони фарзонаи миллат Чинор Имомов буд, ки дар он давраи пурталотум ҳамчун як тоҷик сар боло намуда, бо душманони миллат истодагарӣ кард ва нагузошт то миллати тоҷикро нест кунанд.

Дар солҳои 1922 – 1923 – юм Чинор Имомов ҳамроҳи Шириншоҳ Шоҳтемур бисёр ҷаҳд мекарданд, то ки дар Туркистон мактабҳои тоҷикӣ ташкил ёбанд ва ба забони тоҷикӣ китобҳои дарсию рӯзномаҳо нашр шаванд. Онҳо моҳи декарби соли 1923 ба унвони Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Туркистон нома навишта, талаб карданд, ки бо забони тоҷикӣ рӯзномае таъсис дода шавад. Дар нома, аз ҷумла, чунин навишта шуда буд: «Дар вақти ҳозира ба забонҳои ҳамаи халқҳои сернуфузи Туркистон рӯзномаҳо нашр мешавад… Фақат бо забони тоҷикӣ ягон чиз чоп намешавад, ҳол он ки тоҷикон қисмати басе назарраси аҳолии Туркистон, бахусус вилояти Самарқандро ташкил медиҳанд…».

Ин ҳама сабаби таъсис ёфтани рӯзномаи «Овози тоҷик» гардид. Номаҳои пай дар паи ин шахсиятҳо боиси дар таҳлука мондани душманони миллати тоҷик гашт. Ҳар чӣ зудтар иғвоандозӣ дар байни миллат ва дар назди ҳизби болшевикӣ зиёд мешуд. Гарчанде номаҳои бештари онҳо бе ҷавоб монда бошанд ҳам, онҳо тавонистанд, муҳри хомӯширо бар даҳони пантуркистон бизананд. Бигӯянд, ки миллати тоҷик вуҷуд дорад! Дошт! Ва хоҳад монд!

Чинор Имомов ҳақиқатан ҳам инсони дорои қобилияти баланди роҳбарӣ ва шахси соҳибфарҳангу номбардори миллат буд. Дар ҳама ҳолат манфиати миллату давлатро аз манофеи шахсӣ боло меҳисобид. Дар замоне, ки мардумони дигар ба зуҳуроти зиндагӣ «бо чашми охӯрбин» менигаристанд, ӯ «бо чашми охирбин» — и худ муҳимтарин ормонҳои миллиро  тарғибу ташвиқ менамуд.

Чинор Имомов дар байни аҳли илму адаб низ ҳамчун шахси фарҳангдӯст ва тарғибгари адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс маҳбубияти хос дошт. Беҳуда нест, ки Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Раҳим Ҳошим…  Чинор Имомовро чун яке аз симоҳои фаъол ва намоёни ҷумҳурӣ эҳтиром мекарданд. Маҷмӯаи нахустини шеърҳои устод Лоҳутӣ «Адабиёти сурх» маҳз бо пешгуфтори Чинор Имомов интишор гардида буд.

Аксҳои дар мактаби деҳаи Зебони шаҳри Панҷакент мавҷудбуда гувоҳӣ медиҳанд, ки дар байни шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ ва Чинор Имомов риштаи мурувват ва дӯстӣ барқарор буд. Адабиётшинос Раҳим Ҳошим, ки дар ин солҳо ҳамчун «ҷосуси эронӣ» ба ҳабс гирифта шуда, муддати чаҳордаҳ сол дар шаҳрҳои Свердловск ва вилояти Горкий умри гаронбаҳои хешро бар бод додааст, дар хотироти хеш бо самимияту некбинӣ аз Чинор Имомов ҳамчун яке аз фаъолтарин ва фидокортарин ходимони партиявӣ, ки барои ҳалли бисёр масъалаҳои миллӣ дар Туркистони солҳои 1920 – ум талош варзидааст, ба некӣ ёд мекунад.

Имрӯз мо – ворисони ин номоварони таърихи миллатро мебояд, ки дар роҳи абадӣ гардонидани хотири эшон ҳиммат гузорем, номи неки ононро ба хотири шод гардонидани рӯҳи покашон аз гӯшаи фаромӯшӣ берун орем. Чинор Имомов шоистаи ҳама гуна унвони баланд аст, зеро ӯ воқеан ҳам қаҳрамон ва ифтихори миллат аст.

Чинор Имомов солҳои 1928 – 1930 дар Университети коммунистии Ленинград таҳсил мекунад ва баъди таҳсил узви бюрои Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон интихоб гардида, дар вазифаҳои комиссари халқии маориф, тандурустӣ ва адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона кор мекунад. Дар ташкили ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовор гузошта, зидди миллатчиён муборизаи беамон мебарад. Бо як зумра абармардони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва дигарон ҳамроҳ шуда, бар хилофи ақидаҳои миллатчиён амал мекунад. Пантуркистон бошанд, мавҷудияти халқи тоҷикро, ки асилтарину асоситарин сокинони Осиёи Миёна мебошанд, инкор мекарданд. Ба забони тоҷикӣ мактабҳо намекушоданд. Ҳатто чоп намудани китобу рӯзномаҳои тоҷикӣ манъ карда мешуд. Мавҷудияти қавми тоҷик, забону адабиёти тоҷикро инкор мекарданд.

Чинор Имомов оид ба ин масъала борҳо бо нависандагону шоирон, аз ҷумла бо Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ вохӯрда, оид ба ҳақиқати таърих мулоқотҳо мекард ва маслиҳатҳо мегирифт. Вай маҳорати баланди забондонӣ дошт. Дар саҳифаҳои рӯзномаҳо оиди забони бою ғанӣ доштани халқи тоҷик баромад карда, дар чопи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» — и Садриддин Айнӣ саҳм гузошт.

Афсӯс, ки дар замони номусоиди баъди солҳои сиюм Чинор Имомов аз макри душманон дар қатори дигарон бадном карда шуд ва қурбони туҳмати нокасон гашт. Мегӯянд, ки завҷаи Чинор Имомов Евгения Михайловна Киселёва нақл карда буд, ки шавҳарашро аз хона шабона «душмани халқ» — гуфта, ногаҳон ҳабс карда буданд. Пас аз якчанд рӯз худи Евгена Михайловнаро ҳам ба гирдоб кашида, ҳабс мекунанд. Ҳар ду дар як ҳабсхона буданд. Ниҳоят пас аз озод шудан аз маҳбас  Евгения Михайловна Киселёва ба тарбияи фарзандонаш Саша ва Вадим машғул мешавад.

Оиди бегуноҳ ҳабс кардану бегуноҳ парронда шудани Чинор Имомов Евгения Михайловна борҳо ба Суди Олӣ ва шахсан ба И.В. Сталин бо аризаи шикоятӣ муроҷиат мекунад ва чунин ҷавоби кӯтоҳ мегирад: «Шавҳаратон дуруст суд карда шуд ва дуруст парронда шуд». Фақат соли 1957 ба Евгения Михайловна ҷавоб меояд, ки Чинор Имомов сафед карда шуд ва боз ба сафи Ҳизби коммунистӣ барқарор гардид. Пас аз гирифтани ҷавоб худи ҳамон сол Евгения Михайловна Киселёва бо хотири ҷамъ ва дарду алами зиёд ҷон ба Ҷонофарин месупорад.

Дар байни олимон баҳсҳое ҳастанд, ки гӯё Чинор Имомов дар давраи тақсимоти миллӣ ҳама чиз дар зери дасташ будааст, аммо барои миллат коре накардааст. Дуруст аст, ки ӯ дар маъракаи тақсимот вазифаи ҷонишини якуми раиси Комиссияи марказии назорат буд, аммо таҳияи нақшаи тақсимот дар дасти ӯ набуд. Барои Россия аслан муҳим набуд, ки мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна киҳо ҳастанд. Россия барои манфиати худ кор мекард, мақсади аслиаш ин ҳар чӣ зиёдтар ба даст овардани пахта ва содироти он ба қаламрави Россия буд. Кадом намояндаи халқ ба ӯ хизмат ва гапдаро бошад, ҳамон муҳим буд. Ин нақшаи тақсимот аз ҷониби Кумитаи марказии шӯравӣ ва Ҳизби коммунисти давлати шӯравӣ, ки бо супориш ва ҳидояти Маскав ба тамоми рафти тақсимоти миллӣ назорат мекарданд, сурат мегирифт.

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар ба чанд тани ҳомиёни роҳи сулҳ унвонҳо дода шуд. Чӣ гунае, ки Президенти кишвар зимни суханрониашон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори ҷашни 110–солагии зодрӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаҳри Душанбе қайд карданд: «Баррасии аснод ва маъхазҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки дар он марҳалаи басо тақдирсози таърихӣ зимомдорони давр ва як зумра шахсони ғаразнок бо ҳамдастии баъзе афроди ноогоҳ ва шахсиятҳои бегонапараст адолати таърихиро поймол намуда, мехостанд, дар масоили шинохти миллат ва шумораи аҳолӣ манфиатҳои миллӣ ва иҷтимоиву иқтисодии тоҷиконро пушти по зананд.

Ҳадафи ин сиёсати шовинистӣ аслан тахрибу маҳвсозии асолати миллӣ, инкори ҳастии миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон буд.”        

Чинор Имомов ҳамчун як нафар тоҷик дар даврони ҳассоси «Табар –тақсим» ҷони худро фидои миллаташ кард. Чинор Имомов дар баробари дигар Қаҳрамонони Тоҷикистон арзандаи унвони олӣ Қаҳрамони Тоҷикистон аст! Месазад, ки ба ин абармард унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шавад.

Яъқуб ҲОШИМЗОДА,

донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 

Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Мехрангез 10.12.2019 09:30

    Он давраи ҳассос захми дили ҳар як ватандӯст аст…

    • Ҳошимзода 13.12.2019 11:00

      Намедонам чаро то ба имрӯз ба Чинор Имомов унвони қаҳрамони Тоҷикистон надодаанд. Ҳатто ягон деҳаро ҳам ба номаш нагузоштаанд. Муҷассамааш танҳо дар дилҳо ҷой дораду халос.

  2. Замонов Мақсудҷон 13.12.2019 12:12

    Воқеан ҳам Чинор Имомов барои мардуми тоҷик хизмати бузурге кардааст, аммо чӣ сабаб шудааст, ки ба ӯ унвони қаҳрамонро надодаанд. Ба ин мард бояд унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад, зеро корнамоиҳои Чинор Имомов барои ҷавонони Тоҷикистон намунаи ибрат хоҳад буд.

  3. Тоҷикистонӣ 16.12.2019 11:46

    Чинор Имомов хоин буд хоини давлату миллат ба ӯ унвони қаҳрамон дода нашавад.

  4. Тоҷикистонӣ 16.12.2019 11:47

    Чинор Имомов ҳақиқатан ҳам инсони дорои қобилияти баланди роҳбарӣ ва шахси соҳибфарҳангу номбардори миллат буд. Дар ҳама ҳолат манфиати миллату давлатро аз манофеи шахсӣ боло меҳисобид. Дар замоне, ки мардумони дигар ба зуҳуроти зиндагӣ «бо чашми охӯрбин» менигаристанд, ӯ «бо чашми охирбин» — и худ муҳимтарин ормонҳои миллиро тарғибу ташвиқ менамуд.
    Офаоин Ҳошимзода

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.