• Фарзона Муроди
  • 14.03.2019
  • 0

Чор таҷҳизоти тиббӣ ба беморони саратон ба арзиши 23000 сомонӣ 

Соли 2018 ба Маркази саратоншиносии вилояти Суғд  19035 нафар муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 2995 нафар зиёд аст.

Ба гуфти сарвари Марказ  Фурқат Мансуров аз ин шумораи муроҷиаткунандагон 18552 нафар калонсолон ва 483 нафар кӯдакон мебошанд. Аз ин шумораи муроҷиаткунандагон дар бадани 1105 нафар бемории саратон дарёфт карда шудааст. Дар умум соли 2018 4568 нафар дар маркази саратоншиносии вилоят бистарӣ шудаанд, ки 251 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Сарвари маркази саратоншиносии вилояти Суғд, Мансуров Фурқат

Феълан саратони ғадуди сина аз маъмултарин бемориҳои онкологии занон маҳсуб мешавад, ки ҳамасола дар ҷаҳон кариб як миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.  Аз ин рӯ сӯҳбат ва маслиҳати мудири “Шӯъбаи омосҳои системаи репродуктивии занона”, Фарҳодҷон Ваҳобовро пешкаши хонандагони азиз менамоем. Умедворем баъди мутолаи матлаб фикрҳои ғалати оид ба беморӣ, аз ҷумла “табобатнашаванда”, “гузаранда”, “ирсӣ” ва ба ин монанд ғалатфикриҳоро аз сар дур мекунанд. 

Бемории саратон  номи ваҳим дорад, аммо табобаташ муқаррарӣ 

-22 сол аст, ки дар марказии саратоншиносии вилояти Суғд кор мекунам.Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксар шаҳрвандоноид ба ин намуди беморӣ тамоман маълумот надоранд, илова бар ин то дами ба дараҷаҳои вазнин расидан дардро пинҳон мекунанд.

Саривақт ба табобат ҷалб нашудани беморони саратон аввал бедард зоҳир шудани мариз дар баданд бошад, дуюм беаҳамиятии худи бемор ва тавсияи нодурусти атрофиёнаш аст.  Вале имрӯз вақти он аст, ки бо дарки масъулият ва фарҳанги баланди тиббӣ ғамхории саломатии худ шуд. Зеро тибби муосир хеле ва хеле пеш рафтааст, ки барои пешгирии шиддати тамоми намуди беморӣ, аз ҷумла саратон ва муолиҷаи он мубориза мебарад. Мувофиқи омори созмонҳои ҷаҳонии тандурустӣ сол то сол ин намуди беморӣ  меафзояд, аммо дар баробари афзоиш роҳҳои наву муосири табобат низ роҳандозӣ шуда истодааст, ки ин хавфи нигарониро аз байн мебарад.


Мудири “Шуъбаи омосҳои системаи репродуктивии занона”, Фарҳодҷон Ваҳобов

                 Чаро беморӣ байни занон зиёд аст?

Ба ин саволи мо “Чаро беморӣ байни занон зиёд аст?” саратоншинос Фарҳодҷон Ваҳобов чунин посух дод:

-Ғадуди ширӣ маъмултарин намуди бемории саратон аст, ки на танҳо дар вилоят ва миқиёми ҷумҳурӣ, балки дар саросари ҷаҳон омори гирифторшавии занон ба ин дард тенденсияи болоравӣ дорад. Бо назардошти афзоиши ин намуди беморӣ, бахусус ғадуди ширӣ  бо мувофиқаи Раёсати тандурустии вилоят  дар Маркази  мо (Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар назар аст)  аз соли 2017  “Шӯъбаи омосҳои системаи репредуктивӣ ва узвҳои занона”   кушода шуд.

Мақсаду мароми кушодавии ин шӯъба дар он буд, ки аз рӯи нишондодҳои оморӣ зиёдшавии  осомҳои репредуктивӣ ба қайд гирифта шуд. Ба осомҳои репредуктивӣ медароянд ғадуди ширӣ, омосҳои узвҳои занона. 

Дар як соли ҳисоботӣ беш аз 1000 нафар занон бистарӣ гаштанд. Аз 1000 ба нафар 40%-ашон амалиётҳои ҷароҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамшираи шавқат ҳангоми гузарони система

Дар шуъба тамоми шароитҳои лозима, ки ба талаботҳои стандартии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй аст фароҳам оварда шуда, тамоми намуди ташхиси муосир  аз ҷумла ташхисоти ултрасадоӣ, момография, термография, МРТ, рентгенография ва дигар намуди роҳандозӣ муоинаҳо гузаронида мешаванд.  Инчунин  гузаронида хулосаҳои  ҳуҷайрашиносӣ ва бофташиносӣ, ки дар тамоми клиникаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гузаронида мешавад, дар шароити шӯъбаи мо низ роҳандозӣ шудааст аст.  Мақсаду мароми мо беморон дар дараҷаи аввал ба табобат фаро гирифта шаванд ва дарди кӯҳнаву табобаташро дароз накунанд.

Дар кадом узвҳо гирифторӣ ба бемориҳои саратон зиёд аст?

-Бемории саратон дар аксарияти узвҳои бадани инсон пайдо мешавад. Аз он ҷумла намудҳои ин беморӣ чунин аст: саратони ғадуди ширӣ, гарданаи бачадон,  меъда ва сурхрӯда, пӯст, системаи лимфоидӣ ва хунофар ва шуш. Аммо ду узве,  ки эпителияи силиндрӣ доранд, ин бачадон ва ғадуди сина мебошанд ва ба гармон вобастагӣ доранд. Узвҳое, ки ба гармонҳо вобастагӣ доранд ва дар онҳо раванди афзоиши ҳуҷайраҳо зуд-зуд ба амал меояд, эҳтимолияти бештари гирифторӣ ба бемориҳои саратониро доранд.  Ва баъдан вируси папиломаи инсон, барангезандаи ин беморӣ  аст, маҳз дар ҳамин узвҳо рушд мекунад- гуфт мудири шуъбаи “Шуъбаи омосҳои системаи репродуктивии занона”,  Фарҳодҷон Ваҳобов.

-Марҳилаи 3 — 4-уми саратон оё табобатшаванда аст?

-Албатта дараҷаҳои 3 ва 4-уми беморӣ табобатшаванда аст-гуфт Ваҳобов ва афзуд:-  Баъзе аз беморон баробари дараҷаи бемориро фаҳмидан пеши худ хулосабарорӣ мекунанд, ки “дарди ман кӯҳна шудаасту табобат надорад”.  Аммо ин ақида комилан нодуруст, ки ба рӯҳияи шахси бемор таъсири манфӣ меравонад ва ин манфитаъсиррасонӣ боиси  мушкил гардидани табобат мегардад.   Беморон бояд натиҷаи ташхисро оромона қабул карда, фавран бо табобат фаро гирифта шаванд. Беморони марҳилаҳои 3 — 4-уми саратонро ҳам тавассути маводи баландсифат ва кимиётерапия табобат ёфта истодаанд.  Бо воситаи ин намуди табобат дард аз вуҷуди беморони дорои  дараҷаҳои баланди беморӣ  тоза карда шуда, бемор солиёни сол умр дидааст. Агар замоне аз саратон  наҷот ёфтан фақат  орзуи бемороне буд, ки имкони ба хориҷа рафтан доштанд, айни ҳол шаҳрванди одӣ дар кишвари худамон, дар вилояти худамон   шифо ёфта метавонад, агар зудтар ба табобат фаро гирифта шавад ва табобатро худсарона қатъ накунанд.

Ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ

             Роҳҳоро пешгирӣ ва табобати саратон чиҳоянд?

Сабабҳои шиддат гирифтани беморӣ экология, истеъмоли ғизои носолим, машруботи спиртӣ, тамоку, фарбеҳшавӣ, зиёдшавии бемориҳои вирусӣ (папиломовирус, гепотитҳои В, С), пастшавии масунияти одам (имунитет), паст будани маърифати тиббӣ ба ҳисоб мераванд.
Аммо бо як ҷумла метавон гуфт, ки тарғиби ҳаёти солим беҳтарин роҳи пешгирии ин ва даҳҳо намуди бемориҳои дигар аст.

Мутассифона то ба ҳол шаҳрвандони мо ба муҳимияти солимӣ ва хавфи бемориҳои вазнин таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Барои пешгирии бемории саратон баъди сиюпанҷсолагӣ дар як сол як бор аз муоинаи духтури гинеколог ва кабинети патологияи гарданаи бачадон гузаштан даркор аст. Зеро беморӣ нишонаҳои худро надорад. Зинаҳои охири беморӣ ноҳинҷорӣ ва бемадорӣ аст, ки мутаассифиона, танҳо дар чунин ҳолат шаҳрвандон ба табибон муроҷиат мекунанд. Зиёд ҳастанд ҳолатҳое, ки занон баъди ҷорӣ шудани фасод аз пистон ё хуншор шудани он ба мо муроҷиат мекунанд. Албатта дар минталитети мардуми мо ҷой шудааст, ки то маҷбур нашаванд дардро ошкор намекунанд, хоса дарди сина ва дигар узвҳои занонаро. Аммо барои саломатӣ кӯшидан шарм не, ғамхорӣ лозим аст.

Беаҳамиятӣ ба ҳайз дидану бачамаконӣ низ ба саратон мерасонад?

Ғадуди ширӣ ғадудест, ки дар ниёми мушаки калони сина дар байни кабурғахои III ва VI ҷойгир аст. ин ғадуд аз 15 – 25 ҳиссача иборат буда, маҷрои онҳо (роҳҳои шир) дар сурохи пистон боз мешавад.  Ғадуди ширӣ  дорои шабакаи лимфавӣ аст, ки тавассути он лимфа ба лимфағуддахои асосан зери каш меравад. Вазифаи асосии ин ғадуд ҳосил ва ихроҷ кардани шири сина буда, он зери таъсири ғормонҳои гипофиз, тухмдон, ғадуди сипаршакл ва ғ. сурат мегирад. Он хусусан дар давраи таваллуд ва сина маконидани тифл ба дараҷаи бештарини инкишоф мерасад. Дар давраи климакс рушди баръакси бофтаҳои ғадуди ширӣ  оғоз меёбад, ки дар ин давра бояд занҳо нисбати худ бештар боаҳамият бошанд.  Ҳангоми муоинаи ғадуди ширӣ  ба мутавози ҷойғир будан, андоза, шакл, мавҷудияти деформатсия, хусусияти балоғати ҷинсӣ, адади ҳомилагӣ, таваллуд, исқот, синамаконӣ, тарашшуҳоти пистон, тарзи ҳайз ва ба  дигар аломатҳо эътибор дода мешавад.

Бинобар ҳамин бисёр хуб мешуд занони мо дар баробари бе чеҳраи худ аҳамияти зиёд додан ба синаашон низ боаҳамият бошанд ва баробари каме тайғиротро ҳис кардан, вақти ламсидан доначаҳои сахтро ҳис карда саривақт ба табобон муроҷиат намонд, то дарди бо як доруву сӯзандору давомеёфтаашон то ба ҷароҳию маҳрум шудан аз сина нарасонад-кулли занонро таъкид медорад мусоҳиби мо Фарҳодҷон Ваҳобов.

Таваҷҷӯҳи ташкилотҳои тандурустӣ ба марказҳои саратоншиносӣ зиёд шудааст

Баҳри дарёфт ва пешгирии бемориҳои саратони гарданаки бачадон ва солимгардонии занон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии ЮНФПА ду таҷҳизоти колпоскоп ва 2 адад таҷҳизоти “Фотек” ба муассисаҳои тиббӣ  ба арзиши 23000 сомонӣ дастрас шуд.

Умуман дар соҳаи тандурустӣ ҳам аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳам ташкилотҳои байналмилалии тандурустӣ сол то сол кӯмакҳои гуногун ва имтиёзҳо барои беморони маъюб, камбизоат ва яккаву танҳо расонида мешавад. танҳо дар давоми як сол барои як намуд беморӣ (саратон)  чор намуд таҷҳизоти тиббиро  ба беморони саратон ба арзиши 23000 сомонӣ кардан далели ин гуфтаҳост.

Рафти семенари ҷумҳуриявӣ оид ба бемории саратон

Инчунин дар вилояти Суғд ва умуман ҷумҳурӣ семенарҳои гуногуни омӯзишӣ оид  ба “Саратон ва пешгирии он”,  “Регистри  миллии бемориҳои саратон”, “Ҳаёт будину бемории саратон” ва ба ин монанд омӯзишҳо гузаронида мешавад.  Мақсад аз баргузории семенар баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи саратоншиносии кишвар ва ташкил намудани “Регистри  миллии бемориҳои саратон” дар Тоҷикистон мебошад.

                                                                                        Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner