Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Далер Назаров: Сурудҳои ман барои тӯйгардӣ нестанд

Овозхони шинохтаи кишвар Далер Назаров зимни як мусоҳиба, далели асосии рушд накардани эстрадаи тоҷикро тавзеҳ дод. Ба гуфти  маэстро дар кишвар ҳанӯз майдони қавӣ барои рушди овозхонҳои эстрада мавҷуд нест.

“Аксар овозхонҳо тӯйгард ҳастанд ва ин чиз ҳам садди роҳи рушд наёфтани эстрада шуда метавонад”, — мегӯяд Далер Назаров.

Ба изҳори Назаров, феълан ягона майдоне, ки овозхонҳо дар он ҷо баромад мекунанд, ин саҳнаҳои тӯй ҳастанду халос.

-Ба гунаи дигар эстрадаи тоҷик салоҳияти худро аз даст додааст, зеро фаъолияти он танҳо ба самти хизмат намудан дар туй ва маъракаҳо равона гардидааст мегӯяд Назаров.

Зимнан оҳангсоз бар ин бовар аст, ки дар ояндаи наздик майдонҳои ҷадид, ба мисли клубҳо, кушода хоҳанд шуд, ки он ҷо овозхонҳо на барои баргузории тӯйҳо, балки баръакс гирд меоянд, то эҷод кунанд ва ҳунари худро сайқал диҳанд.

Далер Назаров сабаби напазируфтани дархости ҳаводоронаш барои обод кардани тӯй ва маъракаро шарҳ дода, афзуд, ки сурудҳои ӯ дар тӯйҳо мувафиқат намекунанд.

“Бисёриҳо маро даъват мекунанд,то бо ҳузури худ маъракаи онҳоро обод кунам, вале ман аксар вақт даъвати онҳоро рад мекунам. Зеро дар тӯй меҳмонон ба тановули ғизо ва рақсу бозӣ машғуланд ва ба сурудҳои ман аҳамият намедиҳанд. Ман аллакай ҳамин раванди тӯйгардиро паси сар кардам,” – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Далер, дунёи мусиқии ӯ ҳоло тамоман дигар аст. Ӯ баромади худ дар тӯйҳоро хаёлан чунин тасвир кард, ки «агар дар мобайни базми тӯёна рассоме мусаввараҳои худро оварда, ба тамошо гузорад ва ё шоире ба хондани ашъори худ шурӯъ кунад ва онҳоро касе гӯш ҳам намекунад.

Гузашта аз ин, Далер аз он изҳори таассуф намуд, ки одамон имрӯз сарояндаҳои мусиқиро манбаи асосии пулкоркунӣ медонанд. Аммо маэстрои тоҷик мегӯяд, ки дар мусиқӣ лаззат бурдан аз ҳама чиз волотар аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.