• Mardon
  • 04.09.2019
  • 0

Дар Душанбе ду меҳмонхонаи панҷситорадор бунёд мешавад

Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахти Тоҷикистон ду меҳмонхонаи бисёрошёнаи 5-ситорадор қомат рост хоҳанд кард.

4 сентябр  Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ , раиси шаҳри Душанбе дар маросими гузоштани санги асоси ин ду иншооти бузург ширкат доштанд.

Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигарӣ дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд мегарданд.

Меҳмонхонаи “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts”  аз 9 ошёна иборат буда, барои қабули меҳмонон 103 адад ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад полюлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ сохта мешавад.

Ҳамчунин, ин меҳмонхона  дорои марказҳои хизматрасонӣ-фароғатии СПА, 2 толори маҷлис, 2 тарабхона, қаҳвахона, лаунч-бар, ҳавзи шиноварии даруна, толори зебоӣ, марказҳои солимгардонӣ-фитнес, нуқтаи фурӯши чиптаҳо, толори зиёфат, мағозаҳои савдои брендӣ ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 81 автомобил мебошад.

Иншооти наву замонавӣ дар 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд мегардад ва баъди мавриди истифода қарор додани он 240 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад. Дар зиёда аз 80 давлати шаш қитъаи олам хизматрасонӣ мекунад ва 36 меҳмонхонаи “WyndhamGrupp” дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи “WYNDHAM” сохта мешавад.

Тибқи лоиҳаи дигар дар ноҳияи Сино маркази бузурги бисёрфунксионалӣ иборат аз ду бино бунёд мешавад, ки  дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12-ум ва 15-ум, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ меҳмонхона барои 300 нафар имкони буду бошро фароҳам меорад. Бунёди иншооти мазкур дар таъсиси 150 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам меорад.

Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» мебошад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner