• Бахтовар Сафаров
  • 28.05.2019
  • 1

Дар Душанбе Гимназияи ҳарбии «Куруши Кабир» ифтитоҳ шуд

Дар Гимназияи ҳарбии “Куруши Кабир” ҳамасола то 100 нафар баъди хатми синфи 9 ба таълим фаро гирифта мешаванд ва бештари хонандагони ин даргоҳи илму маърифатро нафарони нимятим ва ятимони кулл ташкил медиҳанд.

Бино бар иттилои сомонаи prezident.tj., бинои Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се корпуси дуошёна иборат буда, дар масоҳати 1360 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои синфхонаю китобхонаи барҳаво ва хобгоҳҳои замонавӣ мебошад.

Имрӯз, 28 май Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони «Курӯши Кабир»-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дод.

Омӯзиш дар ин гимназия асосан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва ба таълиму тарбияи хонандагон 14 нафар омӯзгори ғайринизомӣ низ аз фанҳои гуногун дарс мегӯяд.

Барои огоҳии бештар пайдо кардани хонандагон аз таърихи пурғановати миллати тоҷик ва фидокориҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллӣ, осорхона низ сохта шудааст, ки дар он ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои пурарзиш, аксҳои нодир аз ҳаёти кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ гардидааст.

Гимназияи ҳарбии ворисони «Курӯши Кабир»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дорои синфхонаҳои лингафонӣ, омӯзиши забонҳои англисию хитойӣ, туркӣ ва русӣ буда, хонандагон имкон доранд, ки нозукиҳои ин забонҳои хориҷиро аз устодони ботаҷрибаи худ аз бар намоянд.

Таҳсил дар Гимназияи ҳарбӣ ду сол муайян гардида, хатмкунандагон имкон доранд, ки дар асоси шартномаи дутарафа дар самти омода намудани мутахассисони сарҳадӣ таҳсили минбаъдаро дар донишкадаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо идома диҳанд.

Ҳамчунин, дар Гимназияи ҳарбӣ барои хонандагон китобхона ва ошхона барои 130 нафар пешбинӣ гардидааст, ҷавобгӯ ба талаботи замон мебошад.

Бо мақсади таъмини хонандагон бо маҳсулоти тару тоза дар гимназия гармхона бунёд шудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Мусоев Сорбон Звфарович:

    Ман хонандви ин гимназия харби мебошам ва Ман ба пешвои миллат чаноби оли мухтарам президент мамлакат ЭМОМАЛИ РАХМОН минатдории худро байон мекунам

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner