• Mardon
  • 05.07.2019
  • 0

Дар Душанбе масоили Афғонистон баррасӣ шуд

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Замир Кобулов, Сардори Департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва  намояндаи вижаи Президенти Русия дар масъалаҳои Афғонистон масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳо дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия барои Афғонистон аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Русия маҳсуб мешавад, барои иҷрои сиёсати кишвараш дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон талош мекунад.

Аз ҷумла, вай дар мизбонии Маскав дар музокироти сулҳи Афғонистон дар 28 майи соли ҷорӣ  бо ҳузури чеҳраҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Афғонистон ва як ҳайати Толибон нақзи муҳим дошт.

Дар ин ҳамоиш гурӯҳе аз сиёсатмадорон, аз ҷумла Ҳомиди Карзай, президенти пешини Афғонистон ва намояндагони дафтари сиёсии Толибон дар Қатардар мавриди раванди сулҳи он кишвар гуфтугӯ карданд.​

Ҳамзамон, рӯзи 4 июли соли 2019 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо дар самти Афғонистон дар сатҳи сардорони Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти дуюми кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳо дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкориҳои имконпазири дуҷониба бо Афғонистон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф ва тандурустӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner