• Бахтовар Сафаров
  • 11.08.2019
  • 33

“Дар иди “Қурбон” то 700 — 1000 сомонӣ дастархон меороем” (Видео)

Мақомоти Тоҷикистон  ба сокинони пойтахт ҳушдор додаанд, ки имсол дар остонаи иди «Қурбон» дар шароити кушодани дастархони идонаи аҳолиро месанҷанд ва агар он серхарҷу бодабдаба бошад, соҳибхона то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад шуд. Ин ҳушдор аз он хабар медиҳад, ки дар ҳоле,  харҷи зиёфати рӯзи ид муқаррар нашудааст.

Андешаи сокинон дар бораи нархи маҳсулот гуногун буда баъзеи онҳо мегӯянд, ки дар арафаи иди “Қурбон” савдогарон нархро дучанд мебардоранд.  Хусусан, нархи  меваҳои хушк, ки дар арафаи иди “Қурбон” харидорони бештар дорад, баланд бардошта мешавад.  Боло  рафтани нархи маҳсулот дар арафаи ид дар кишвар  ба як чизи муқаррарӣ табдил ёфтааст.

Дар ҳоле, ки мақомот дастур додааст, ки дастархони бодабдаба ва серхарҷ кушодан ин сарфакорӣ аст. Вале сокинон мегӯянд,  ҳамон дастархони хоксоронае, ки дар арафаи ид мекушоем аз 1000 сомонӣ боло меафтад, зеро нархи маҳсулот хеле гарон аст.  Барои кушодани як дастархони оддӣ , ки бояд танҳо дар иҳотаи хонавода ҷашнгири ба 400-500 сомонӣ рост меояд. 

“Баъзе фурӯшандаҳои  боинсоф арзон мекунанд,  худобехабараш бошад,  даҳчанд қиммат мекунад, ин ҳам танҳо  ба хотири пул ба даст овардан аст”, —  мегӯянд шаҳрвандон.

Вале савдогарон норозӣ ҳастанд, ки  мардум онҳоро барои боло бурдани нархи маҳсулот гунаҳкор мешуморанд. Онҳо низ мегӯянд, ки вақте маҳсулотро бо нархи гарон мехаранд, чӣ гуна онро бо нархи арзон  хоҳанд фурӯхт?

Иди “Қурбон” яке аз идҳои  мусалмонӣ аст, ки дар Тоҷикистон расман рӯзи таътил эълон шудааст. Дар ин рӯз тамоми мусалмони Тоҷикистон барои адо намудани  намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки қудрати хайр кардан  доранд, қурбонӣ медиҳанд.

Шарҳи бештар ва назари сокинони пойтахтро  метавонед аз навори зер тамошо намоед:

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Gulhayo Madimarova:

    Аз ин бар меояд, ки мардум хело пулдор шудаст, беҳуда меноланд, ки камбағаланд. Ба ҷои дар як рӯз 700- 1000 сомон сарф кардан мактаб қариб шудаст барои фарзандонатон як ду китоби хуб харид кунед 100 маротиба бехтар. Бо як рӯз шикам сер кардан ба ягон ҷо намерасед.

  • Muhammad Dustov:

    Вой бар ҳоли надоштаҳо

  • Muhammad Dustov:

    Накнан бо амсояи баргиш механдаша…

  • Азим Каримов:

    Дуруга наген хама чени доштагиш мекнан мардум ай шумода боаклан

  • Азим Каримов:

    Ягон хамсоя памсоя намеханда

  • Muhammadesini Gayur:

    700-сомони сарфа барои дастархон бовари кас намеояд.Ё дастархони инхо шохона бошад.

  • Одили Одил:

    На изображении может находиться: 1 человек, часть тела крупным планом

  • Одили Одил:

    Одили Одил
    На изображении может находиться: 6 человек

  • Мирзосалим Бойматов:

    Қудрат ба тавонои касе чанд суме кати вобаста ба шароит дастархон ороста кардааст кунад, (панҷ панҷа баробар нест ) ва барои чизи харидаатон кори кардаатон миннат накунед зеро ин идҳо ба худ як файз дорад баракот дорад.

  • Зухалбону Зухалбону:

    Хаму гушта нахарен хамакаса шояд арзон кунан !

  • Алиҷон Раҷабзода:

    тарбуз дар кучо 20 сомони? 60-70сомони!

  • зухалбону Зухалбону:

    рост охи ма шумо намехарен доштагиш мехара

  • Раксалана Саидова:

    Алиҷон Раҷабзода соз бхон гуш 60сомон тарбуз 20 то 30 сомонай

  • Алиҷон Раҷабзода:

    Раксалана Саидова дар кучост 20 сомона?

  • Билал Фаизуллоев:

    Зухалбону Зухалбону нархи рохкирора намедонен чандпул бошад?

  • Раксалана Саидова:

    Раксалана Саидова Алиҷон Раҷабзода ш душанбе?

  • Алиҷон Раҷабзода:

    Алиҷон Раҷабзода Раксалана Саидова имрӯз дар ваданасос пурсидам 60 сомони буд.

  • Алиҷон Раҷабзода:

    Раксалана Саидова имрӯз дар ваданасос пурсидам 60 сомони буд.

  • Бе Шак Бе Шак:

    Зухалбону Зухалбону хак ба чониби шумост хохар.
    Шайхеро ривоят мекунанд шогирдонаш аз бозор шикоят оварданд ки нархи гушт миеншикан гаштааст.Шайх фармуд:мо арзонаш мекунем.шогирдонаш пурсиданд:чи тавр?Шайх чавоб дод:мо гушт намехарем,арзон мешавад.Иди сайид муборак ба хамагон.

  • Зухалбону Зухалбону:

    Билал Фаизуллоев бале , агар мо кушиш кунем хама якчо хамаш бартараф мешавад!

  • Umar Jamalov:

    Точикистонда килои гушт 60 сомон шидай Аппа?

  • Раксалана Саидова:

    Umar Jamalov ҳа 60 сомон

  • Umar Jamalov:

    Раксалана Саидова хайфи миллати хору зорум

  • Раксалана Саидова:

    Umar Jamalov шукрона Худо ай ин бад накунад шукри тинҷи мекунем дига

  • Umar Jamalov:

    Раксалана Саидова,бале дуруст

  • Лутфулло Латипов:

    Кувват аз тавонои…идатон муборак

  • حبيب الله يوسف:

    Дар иди рамазону иди қурбон чиқадар пул сарф кунед исроф намешавад, бикунед то тонистанатона, ҳушёр бошед, ки танзамаки гушна чашмак штарафатон накунад, сизони ин чашмгушнаҳо сар шуд, танзим гуфта ҷеби мардума холи мекунанд.

  • Акбар Халилов:

    Абача нарху навора да осмон монден бо хтона кино кнен ‍♂️(ид муборак всем мусульманинам!)

  • Чумаев Рахим:

    Хамин расм дар рузи ид дасторхон дар хама хона ба гайр аз мо дигар дар ягон чой вучуд на дорад Самарканд, Бухоро, Хучанд, Тошканд дар як руз хаммаи доройи ки ба камаш барой хуроки як мох мерасад хамма ба дасторхон мебарорем

  • Дилшод Иноятзода:

    Аз таърихи дину ид бехабар дастархоннишондихи чи даркор?!

  • Одили Одил:

    Дилшод Иноятзода Ту ба дастурхон и кас чи кор дори?

  • Abdusamadov Ibrohim:

    Дар Душанбе 3 тарбз 100с мешава 700с хичи намешавад…

  • Порсй Дарй:

    Охирон мардакуш дурӯғ гуфт, коркуни танзим буд чи

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner