• Administrator
  • 24.05.2019
  • 1

Дар Рамазон Арабистон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо ҳадя кард

Масъулони Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабситони Саудӣ ин «тӯҳфаи рамазонӣ»-и ҳукумати Арабистонро ба масъулони Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон супурданд.

Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22 май  гуфт, 50 тонна хурмо бо дастури подшоҳи Саудӣ тавассути Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ба Тоҷикистон оварда шуд.

Дар назар аст, ин миқдор хурмо дар миёни камбизоатон ва ниёзмандон тақсим шавад.

Ба гуфтаи масъулони тоҷик, ин барои бори савум аст, ки Арабистони Саудӣ дар шакли ғизо ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Соли ҷорӣ Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон беш аз 10 ҳазор сабади ғизо иборат аз орду равғану дигар маводи хӯрокворӣ ба ниёзмандони Тоҷикистон пешкаш намудааст, ки он тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим гардид.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Беном:

    Бехтарину агар ба камбизоатон Таксим шавад агар нафурушанд

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner