Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Тоҷикистон Агентии рушди Франсия таъсис мешавад

Ба манзури мусоидат ба тавсеъаи ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ширкатҳои ду кишвар дар Тоҷикистон Агентии рушди Франсия таъсис хоҳад шуд.

Ин тасмим рӯзи 7 ноябр дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Франсия дар шаҳри Париж эълон гардид.

Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ ва муаррифии имконоти сармоягузории кишвар пешниҳод кард, ки барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои  судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар тавсеаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар бахшҳои ояндадор, аз қабили рушди минбаъдаи гидроэнергетика, инфрасохтори транзитӣ, саноат, аз ҷумла саноати сабук, хурокворӣ ва химиявӣ, мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ то ба содирот баровардани он амалӣ карда шавад.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 20 ширкату коргоҳҳои фаронсавӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Франсия ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуд.

Дар мулоқот роҳбарони ширкатҳои бонуфузе чун Аэробус (AIRBUS) Клустер Монтейҷн (CLUSTER MONTAGNE), Фивз (FIVES), Групп Иннитера (GROUP INNITHERA), Сафран (SAFRAN), Шевер (SCHIEVER), Талес (THALES), Тотал (TOTAL), Трактебел Инҷиниринг (TRACTEBEL ENGINEERING) ва Медеф Интернасионал (MEDEF INTERNATIONAL) ширкат доштанд. 

Дар поёни мулоқот Ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ва Ассотсиатсияи «MEDEF International»-и Франсия, Созишномаи ҳамкорӣ байни Ширкати “Аэробус”-и аврупоӣ ва Ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр” оид ба ворид кардани чархболҳо,  Созишномаи байни ширкати фаронсавии “Лабаротория ИННОТЕК интернасионал” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сифат ФАРМА”-и Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ  ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Ширкати “Талко”-и Тоҷикистон ва Ширкати фаронсавии Фивз (Fives)  имзо гардид.

Қарор аст ширкати “Фивз” бо маблағи 200 миллион евро, дар марҳилаи аввал 52 миллион евро барои таҷдиди коргоҳи анодпазии “Талко” сармоя ҷудо мекунад. Зимнан,  45 сол қабл коргоҳи анодпазӣ аз тарафи ин ширкат сохта шуда буд.

Ҳамчунин, Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Ширкати Талко, Ширкати фаронсавии Фавз (Fives) ва Ширкати олмонии Риедҳаммер (Riedhammer) оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазии Ширкати Талко, Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амид”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Шивер Групп”-и Ҷумҳурии Фаронса оид ба ташкил намудани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии “ITC School Ecole42” ба имзо расиданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.