Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Тоҷикистон 14 маҳбус ҷон бохтанд

Ба ҳангоми интиқоли маҳбусон аз зиндонҳо дар шимоли Тоҷикистон ба маркази кишвар 13 нафари онҳо пас аз истеъмоли нон заҳролуд шуда ва вафот кардаанд.

Ба ҳангоми интиқоли маҳбусон аз зиндонҳо дар шимоли Тоҷикистон ба маркази кишвар 14 нафари онҳо пас аз истеъмоли нон заҳролуд шуда ва вафот кардаанд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки шоми якшанбеи 7 июл 128 маҳбус (120 мард ва 8 зан) аз маҳбасҳои Хуҷанду Истаравшан ба ба зиндонҳои Душанбе, Норак ва Ёвон мунтақил шудаанд.

Тибқи иттилои ин манбаъ, калонсолтарин маҳбуси фавтида 40 сола ва ҷавонтарини он 20 сола будаанд. Рӯйхати маҳбусони ҳалокшуда мунташир гардид.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба ҳангоми  интиқоли зиндониён колоннаи мошинҳо дар деҳаи Майхураи ноҳияи Варзоб ист карда ва як маҳбус ба 16 нафар нон тақсим кардааст.

“Пас аз ним соати истеъмоли нон вазъи саломатии ин 16 маҳбус бад шуда ва беҳуш шудаанд. Бо вуҷуди расондани кумаки аввалияи тиббӣ 14 нафари онҳо ба худ наомада ва ҷон бохтанд”-хабар додааст ин ниҳод.

Ҳамакнун Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар мавриди фавти оммавии маҳбусон ба далели заҳролудшавӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда ва тафтишот оғоз гардидааст.

Рӯйхати маҳбусоне, ки бар асари заҳролудшавӣ ҳалок шуданд:

  1. Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с. т. 10.02.1997 , сокини ноҳияи Рӯдакӣ.
  2. Бӯриев Далерҷон Бозорович, с. т. 16.09.1998, сокини шаҳри Истаравшан.
  3. Ватаниев Мазмасаид Восеиевич, с. т. 20.04.1977, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
  4. Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с. т. 26.05.1979, сокини ноҳияи Файзобод.
  5. Назруллоев Усмоналӣ Бӯрихонович, с. т. 21.03.1979 , сокини ноҳияи Ёвон.
  6. Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т. 13.12.1976, сокини деҳаи Бағалаки ноҳияи Ҳисор.
  7. Солеҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, сокини ноҳияи Варзоб.
  8. Суннатуллоҳи Имомалӣ,  с. т. 05.06.1989, сокини шаҳри  Душанбе.
  9. Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович,  с. т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон.
  10. Убайдов Афзалшо Ҳабибович,  с. т. 23.02.1995,  сокини шаҳри Ваҳдат.
  11. Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с. т. 07.07.1992,  сокини ноҳияи  Варзоб.
  12. Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич,  с. т. 17.01.1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ.
  13. Ҳайдаров Некрӯз Мирзоалиевич, с. т. 21.08.1999, сокини ноҳияи Данғара.
  14. Қаюмов Абдуҷамил Халилович, с. т. 10.11.1967, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.