• Mardon
  • 19.06.2019
  • 0

Дар Тоҷикистон арзиши хуни донорӣ низ боло рафтааст

Нархи хун дар Тоҷикистон ҳудуди 20 дар сад боло рафтааст ва қимати ҳар 100 миллилитр хун вобаста ба гурӯҳҳои он ба гуфтаи корафтодаҳо то 105 — 120 сомонӣ арзиш дорад.

Сабаби то 15 дар сад афзудани нархи хун дар муассисаҳои тиббиро мақомот дар афзоиши маводи хароҷот барои коркард ва бехатарии хун арзёбӣ карданд.

Афзоиши нархи хун дар кишвар, афроди гирифтор ба бемориҳои хун ва муҳтоҷ ба онро нигарон кардааст.

Зеро дар Тоҷикистон садҳо хонаводаҳое ҳаст, ки барои табобати наздикони худ пайваста ба ҳаҷми зиёди хун зарурат пайдо мекунанд. Ба ҷуз як гурӯҳи беморон, ки дар дарёфти хуни ройгон имтиёз доранд, аксари дигар бавижа онҳое, ки гирифтори саратони хун ва ё бемориҳои мухталифи хун ҳастанд, маҷбуранд, пайваста хун бихаранд.

Болоравии арзиши хун дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулон шумораи донорҳо ҳам зиёд шудааст. Дар як соли ахир ба ҳисоби маркази ҷумҳуриявӣ 50 ҳазор нафар хун супурдаанд ва он барои беш аз 90 ҳазор бемори ниёзманд истифода бурда мешудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner