• Бахтовар Сафаров
  • 16.09.2019
  • 0

Дарди гулӯ: маслиҳат аз таҷриба медиҳам

Дарди гулӯ нишонаи аввалини бемориҳои сироятӣ аз ҷумла зуком мебошад. Барои бартараф кардани дарди гулӯ чанд маслиҳат медиҳем.

-Дар як истакон оби ҷӯшонидашуда як қошуқи калон пудинаи майдакардашудаи хушкро андохта, ба муддати 45 дақиқа дам партоед ва онро нӯшед.

-Як қошуқи калон гули зерфун ё  барги тамашкро  дар як истакон оби ҷӯшомада дар термос дам карда, муддати як соат нигоҳ доред ва пас аз он нӯшед.

Нӯшидани шир ба одамони сард миҷоз хеле манфиатбахш мебошад. Ҳангоме, ки дарди гулӯро эҳсос намудед, дар як истакон як қошуқи калон асал омехта карда, нӯшед барои мулоим кардани гулӯятон мусоидат мекунад.

Дар як чойник оби гарм, ки ҳавл дошта бошад, сода андохта, саратонро бо ягон латта маҳкам карда, аз он об нафаскашед. Ин амал дарди гулӯ ва хориши онро дур мекунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner